- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ҳузури террористони наҳзатиро дар кишвараш тасдиқ кард
Душ, 02/22/2021 - 12:05
Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаи радиои «Озодӣ» 19 феврали соли ҷорӣ хабар доданд. Тибқи иттилои мазкур, раҳбари мақомоти амниятии Афғонистон аз мавҷудияти 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ ҳастанд.
Албатта паҳн шудани ин хабар як зарбаи ногаҳоние буд, ки бар сари террористони наҳзатӣ куфта шуд. Саркардаи ин ташкилоти хунхор акнун мисли мурғаки посухта худро ба ҳар тараф мезанаду аз ноилоҷӣ намедонад, ки чи кор кунад. Як баёнияи аблаҳонае ки раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади рад кардани изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ интишор дод, наҳзатиҳоро бештар шарманда кард. Зеро ин баёнияи наҳзат як дуруғи навбатиест дар муқобили изҳороти аниқу дақиқи раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА. Агар террористони наҳзатӣ дар шимоли Афғонистон мавҷуд намебуданд, ҳаргиз Аҳмадзиё Сироҷ чунин изҳорот намедод.
Аҳмадзиё Сироҷ, ки таъмини амнияти Афғонистонро бар уҳда дорад, зимни суханрониаш бо тамоми масъулият эълон кардааст, ки ҷангиёни наҳзатӣ дар қатори гуруҳҳои дигари террористии муқими шимоли ин кишвар ҳадафи аз ҳудуди ҶИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Чин интиқол додани ҷангро доранд.
Изҳороти мазкур дигар ягон ҷои шубҳаеро боқи намондааст, ки ТТЭ ҲНИ то ҳануз дастаҳои ҷангию террористӣ дорад ва онҳо дар Афғонистон даст ба куштору террор мезананд. Мисоли равшани ҳолати мазкур фаъолияти “Ансоруллоҳ” аст, ки ҳамчун як қисми ТТЭ ҲНИ пештар ба минтақаи Моимайи Дарвози Афғонистон ҳамла карда, шумораи зиёди кормандони пулиси он ҷоро ба қатл расондаанд.
Дигар маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ то ҳануз аз усули асосии фаъолияту муборизааш, яъне зуроварию хушунат ва террору ҷанг барнагаштааст. Раҳбарияти наҳзат аз аввали фаъолияти худ аз усули зуроварию хушунат кор мегирифт. Тибқи шоҳидии яке аз собиқадорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки дар филми мустанади “Хиёнат” оварда шудааст, раҳбарияти наҳзатӣ ба зердастонашон дастур медодаанд, ки “агар ба таври осоишта ҳукуматро гирифта натавонистем, бояд аз неруҳои ҷангии худ истифода кунем ва қудратро бо зуроварӣ ғасб намоем”.
Ҳануз дар соли 1993 тасдиқ шуда буд ва дар мусоҳибаи Раҳбарияти кишвар ҳам садо дода буд, ки ТТЭ ҲНИ ягона ҳизбест, ки дастаҳои ҷангӣ дорад ва ҳатто дар шаҳодатномаҳои аъзоёнаш дарҷ шудааст, ки онҳо иҷозати гирифта гаштан ва истифода кардани силоҳро доранд. Яъне ТТЭ ҲНИ на ҳизб, балки як гуруҳи ҷангию террористӣ аст.
Кайхусрави Субҳонзод,
ходими илмии АМИТ