- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Оғози кишти пунбадона
Сеш, 03/06/2018 - 11:10
Кишоварзони ноҳияи Шаҳритуз ҳар сол дар соҳаи пахтакорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар вилояту ҷумҳурӣ яке аз нахустинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи ғунучини ҳосили “тиллои сафед” мужда мерасонанд. Имсол ҳам онҳо мақсад доранд, кишти пунбадонаро дар масоҳати 5250 га тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, барои неш задану сабзиши он аз тамоми чораю тадбиру имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Дар ноҳия нахустин шуда аъзои хоҷагии деҳқонии “Шоҳқосим” ( аз ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов)бо роҳбарии сарвари хоҷагӣ Ҳақбердӣ Ҳамонов рӯзи 5 март ба кишти чигити навъи “Флеш” шуруъ карданд. Майдони кишти пахтаи хоҷагӣ 9,4 гетарро ташкил медиҳад. Қабл аз оғози кишт раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода кишоварзон бо шуруи кишту кори баҳорӣ табрику таҳнияту гуфта, ба онҳо барору комёбиҳои беназири меҳнатӣ орзу намуда, сипас ҳамроҳ бо пирони кордидаю таҷрибадор донаи умедро ба замини кишт чошида, бо дуои нек расман ба кишти пунбадона дар хоҷагӣ ва ноҳия оғоз бахшиданд.
Дар маросими кишти пунбадона дар хоҷагии мазкур роҳбарону масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, фаъолону роҳбарони ҷамоати деҳоти Х.Холматов ва деҳаи Насоси ҷамоати мазкур, намояндагони ВАО-и ноҳияву ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз кишоварзони хоҷагиҳои “Ҳасанбобо” (аз ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов), “Мисрат-бобо” (аз ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров) низ бо сарварии роҳбарони хоҷагиҳои мазкур Ҳасан Эшпӯлодов ва Неъмат Алиев дар майдони пахтазори худ, ки аз 4 гектарӣ иборат мебошад, ба кишти чигит шуруъ намуданд.
-Дар хоҷагиҳои дигари пахтакори ноҳия кишоварзон ба кишти пунбадона ҳартарафа омодагӣ гирифта, мақсад доранд, кишти тухмииҳои навъҳои ҷиддӣ “Флеш”, “Тоҷикистон”, “БР-11” ва ғайраро дар муҳлати муқарраргардида, бо сифати баланд анҷом диҳанд.- мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Даврон Нишонов.