- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ИЗҲОРОТИ муштараки Комиссияҳои давлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
Якш, 06/06/2021 - 02:22
5 июни соли 2021 дар минтақаи Сарҳади давлатӣ (нуқтаи сарҳадии №12/9, минтақаи «Қарамиқ») вохӯрии кории Комиссияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор шуд. Тарафҳо изҳор менамоянд, ки вазъи мураккаби дар минтақаи мазкури Сарҳади давлатӣ бавуҷудомада, бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.
Ҷонибҳо дар доираи масъалаҳои зерин протокол ба имзо расониданд:
- Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
- Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
- Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
- Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
- Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
- Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
- Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
- Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
- Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.
Роҳбари Комиссияи давлатии Роҳбари Комиссияи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба
делимитатсия ва демаркатсияи делимитатсия ва демаркатсияи
Сарҳади давлатӣ Сарҳади давлатӣ
Ятимов С.С. Ташиев К.К.
Сарчашма: https://khovar.tj/2021/06/iz-oroti-mushtaraki-komissiya-oi-davlat-oid-ba...