- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Пайванди дилҳо Гузориш аз ҳамоишҳои тантанавӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии Айвоҷи ноҳияи Шаҳритузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амузанги ноҳияи Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ҷум, 03/09/2018 - 15:37
Субҳи барвақти 7-уми марти соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Айвоҷ, ки ноҳияи Шаҳритузро бо вилояти Сурхондарё мепайвандад, одамони синну соли гуногун ба ҳаде зиёд ҷамъ омада буданд, ки ба қавле агар сӯзан партоӣ аз анбуҳи зиёди мардум ба замин намефтид. Иддае аз онҳо модарону падарону бародарону хоҳароне буданд, ки аз ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиёну Носири Хусрав,Дӯстӣ ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо умед қадам ранҷа намуда буданд. Эшон хоҳиши онро доштанд, дар баробари иштирок дар тантанаи ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳади ҷанубии ду ҳамсоякишвари дӯст тавонанд аз дидори фарзанд, бародар ё худ хоҳару ақрабои дигари хеш, ки бо амри тақдир солҳо боз дар ҷумҳурии ҳамсоя сукунат доштанд, вале имкону шароити мулоқот бо якдигар барояшон мувақкатан маҳдуд буд, баҳравару аз давлати висол бархурдор шаванд. Дар симои ҳама ҷамъомадагон шодию хушҳолӣ ҳувайдо буд. Онҳо роҳбарони Ҷуҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ваМираҳмад Мирзиёев, ки бо иқдомоти наҷибашон монеаҳои марзиро аз байн бардоштаю ду халқи ба ҳам дӯсту хешу бародарро аз сари нав бо ҳам мепайвастанд, самимона дуои нек намуда, барояшон саодату сиҳатмандӣ орзу мекарданд.
Дар ин ҳамоиши таърихӣ роҳбарону масъулони вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раисони ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Қубодиён Р.Оймаҳмадзода, Н.Садриддинзода, З.Файзуллозода, аҳли ҷомеаи ноҳияҳои мазкур, зиёиён ва кормандони ВАО-и ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Маросими қабулу пазироии меҳмонони узбекистонӣ соати 11 оғоз гардид. Аз рӯйи таомули қадима дар назди меҳмонон гӯсфандеро сар бурида, сипас эшонро бо нону намак истиқбол гири фтанд. Баъди пазироии самимона раиси вилояти Хатлон Д.Гулмаҳмадзода ба нишони эҳтиром меҳмони олиқадр раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Турдимов Эркинҷон Оқбутаевичро ҷомаю миёнбанд ва тоқи тоҷикӣ бо навиштаҷоти «Тоҷикистон» пӯшонид. Аз ҷониби меҳмонони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамиши ботантана беш аз 100 нафар хизматчиёни давлатӣ, ҷавонон, занон, собиқадорони меҳнат, рӯзноманигорон, инчунин шахсони дар Тоҷикистон пайванди хешу таборӣ дошта ширкат варзиданд.
Дар назди ҳозирин раиси вилояти Хатлон Д.Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э.Турдимов бо суханони пурмуҳтаво баромад карданд. Онҳо аз номи мардуми вилоятҳои хеш ба Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои иқдоиу ташаббуси бузурги таърихиашон дар мустаҳкам намудани пайванди дӯстию бародари ду халқи ба ҳам ҳамсояву якдил, кушодашавии роҳҳои нақлиётӣ изҳору сипосу миннатдорӣ намуда, ба вуқуъ пайвастаи ин рӯйдоди воқеан таърихиву тақдирсозро дар арафаи Рӯзи модар ва оғози баҳору таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ фоли нек арзёбӣ карданд. Раиси вилояти Хатлон изҳори боварӣ кард, баъд аз мулоқоти қарибулвуқуи Президентҳои ду кишвари ҳамсоя робитаи ҳамкори вилояти Хатлон дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, кишоварзию соҳибкорӣ бо давлати Ӯзбекистон бахусус бо вилояти Сурхондарё густариш меёбад.Д.Гулмаҳмадзода аз меҳонон даъват ба амал овард, то дар дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки 24 март дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор мешавад, расман ширкат варзанд.
Раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар навбати худ аз истиқболи самимонаи хатлониҳо изҳори сипос намуда, кушодашавии роҳҳою ҳамгироии халқҳои узбеку тоҷикро бурду комёбии ҳар ду миллат арзёбӣ намуд. Ӯ дар рафти суханрониаш қайд намуд, ки дар вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тоҷикону узбекон паҳлуи ҳам дӯстона кору зиндагӣ менамоянд. Тибқи маълумоти ироа кардаи ҷаноби Э.Турдимов 13 фоизи аҳолии вилояташонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 44 нафар вакилони халқӣ аз ҳисоби тоҷикон мебошанд. Инчунин муовини раиси вилояти Сурхондарё, мудири бахши ҷавонони вилояти мазкур ва ректори Донишгоҳи давлатии вилояти Сурхондарё низ тоҷиконанд.
Раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иброз дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то 5 рӯз ба ҷумҳурии Ӯзбекистон бе раводид (виза) ташриф оваранд. Ӯ афзуд, ки ин ҳадди охирин нест ва онҳо мақсад доранд, ки ҳукуматро мутақоид созанд, то барои дар оянда аз байн бардоштани раводид ва равуои озоди тарафайн –шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя муваффақ шаванд.
Чунонки дар боло қайд гардид, чандин нафар шаҳрвандон аз ду кишвар ба ҳамоиш ба он хотир омада буданд, ки хешу ақрабои дер боз надидаашон пайдо намуда, аз дидори шарифи ҳам бархӯрдор шаванд. Хушбахтона ба чандин нафари онҳо дидору суҳбат бо хешу табори узбекистонию тоҷикистонӣ муяссар гардид. Масалан Очилова Дидор аз ноҳия ё худ тумани Тирмизи вилояти Сурхондарё апааш Хурсанд Очиловаро,ки дар ноҳияи Дӯстӣ зиндагӣ мекардааст, дар гузаргоҳи Айвоҷ пайдо карда, аз шодии дидор ашки дидагонашонро нигоҳ дошта натавонистанд. Зимни суҳбат бо хабарнигори «2Субҳи Шаҳритуз» Дидор иброз дошт, ки онҳо 5 сол боз бо умеди дидори гарми ҳамдигар интизорӣ мекашиданд ва ба Президентҳои ҳар ду мамлакат сипосу миннатдории самимӣ изҳор карданд, ки ба шарофати иқдоми наҷиби онҳо робитаи хешу таборӣ ва дӯстию бародарӣ байни ду давлати ҳамҷавор аз нав барқарор мегардад.
Њамин тавр дар рӯзи кушодашавии гузаргоҳи «Гулбаҳор» сокини ҷамоати Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Эркин Абсаев бо хоҳараш Лола Усмонова ва домодашон Комил Усмонов, шаҳрвандони деҳаи Гулбаҳори ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё, баъди 12 соли зиндаҷудоӣ ба дидори гарми ҳамдигар мушарраф гардиданд.
Сокини деҳаи Хушодии ҷамоати ба Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон Эшпулод Тӯрабоев холадухтараш, сокини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё Дилноза Ҳасановаро дар гузаргоҳ ҷустуҷӯ мекард. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки 23 сол инҷониб аҳли оилаи онҳо Дилноза ва 4 фарзанди ӯро, ки дар ин давом ба дунё надидаанд, боре ҳам надидаанд.Дилноза ҳам соли 1998 аз сабаби монеаи марзӣ дар ҷанозаи падараш Норқул Ҳасанов иштирок карда натавонистааст.
Намояндагони вилояти Хатлон, аз он ҷумла масъулони баландпояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятиХатлон раисон ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав ва Қубодиён Р.Оймаҳмадзода, Н.Садриддинзода, З.Файзуллозода, ва дигарон таҳти сарварии раиси вилояти Хатлон Д.Гулмаҳмадзода баъди пешин ҷониби марзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳ пешт гирифтанд.Дар гузаргоҳи «Гулбаҳор» мизбонон меҳмоноро бо нону намак, чеҳраҳои кушода гарм истиқболу пазироӣ намуданд. Дар гузаргоҳи воридотии ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарёи ҶумҳурииӮзбекистон бахшида ба ташрифи меҳмонони тоҷикистонӣ ҷамъомади ботантана доир гардида, дар назди ширкаткунандагони ҳамоиш раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э.Турдимов ва раиси вилояти Хатлон Д.Гулмаҳмадзода баромад намуданд. Аз ҷониби мизбонон раиси вилояти Сурхондарё ба раиси вилояти Хатлон бо нишони эҳтиром ҷомаю миёнбанду тоқии миллӣ пӯшонид.Сипас ҳунармандони соҳибзавқи вилояти Сурхондарёи ҶумҳурииӮзбекистон бо барномаи рангини консертӣ бо сурудҳои узбекию тоҷикӣ баромад карда, аз «Шоҳ» ва шоир ном асари нависандаи бузурги тоҷик Темур Зилфиқоров саҳначаеро таҳти унвони «Амир Темур ва Ҳофиз» ба иштирокчиёни чорабинӣ манзур намуданд.
Интизор меравад, ки фардо 9 марти соли 2018 аввалин қатораи мусофирбар бо хатсайри «Кӯлоб-Москва»тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани «Хошади»(«Амузанг») ба роҳ мебарояд.
Татбиқи амалии чорабиниҳои мазкур рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриро осон намуда, барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ, инчунин рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.