Main menu

Насли Ваҳдатро “озодандешон”-и бадкеш фирефта карда наметавонанд

АНДЕША. Аслан, Истиқлолият самари Ваҳдату якдилии миллат мебошад. Мо ҷавонон, ки самараи Ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, ба қадри ин неъмати бузург беш аз пеш мерасем.

Ҳар бор, сапедадам чашм аз хоб баркушода, аҳли хонаводаамонро дар хоби ноз, орому осуда мебинем, ҳазор бор шукри Ваҳдату субот мекунем. Ва боз ҳазор, бори дигар шукри онро мекунам, ки аз бози чашм ба олами ҳастӣ кушодан Тоҷикистонро ободу осоишта дарёфта, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил, якдилию ватандӯсти ба камол расидаем. Месазад ки бигӯем: Мо насли хушболу пари Ваҳдатам.

Ҷангу хунрезӣ, фироришавии сарсарии мардум аз ватани худ, бародар гиребони бародар гирифтанҳо беқадрии инсонро хайрият аз забони калонсолон шунидаему худ надидем. Чӣ рӯзҳои сахту сангин, чӣ даҳшатҳои гӯшношунидро аз сар гузаронда будаанд насли нисбатан калонсоли мо.

Гоҳо тариқи оинаи нилгун он лаҳзаҳои даҳшатангези ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро дида, мо ҷавонон шукронаи қисмат мекунем, ки хушбахттарин насли ҷавонем, ки зери ливои парчами сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебарем. Хушбахт аз онем, ки дар домани поки Ваҳдат зода шудаву дар оғуши гарму гуворояш камол ёфтаем.

Имрӯз ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳр баромада, дар ҳар қадам ваҳдатро мебинему дар чеҳраи ҳар раҳгузар ваҳдатро эҳсос мекунем. Имрӯз ҳар шиносу ношинос бо ҳам қарину ошноанд, дӯсту бародаранд. Ба андешаи ман ин Ваҳдат аст. Дар лаҳзаҳои дармондагӣ ба мадади ҳамдигар мешитобанд, ки ин Ваҳдат аст. Касе бо касе бо меҳру муҳаббат салом бидиҳад ин Ваҳдат. Дар чеҳраи ҳама Ваҳдат тобону дурахшон аст.

Ҳамаи ин хушиву хуррамӣ ва шукуфоии боғи Ваҳдати миллати тоҷик чун хор ба чашми душманонаш халида, мехоҳанд дубора миёни мардум тухми фитнаву адоват бикоранд ва ҳатто номи гуруҳаки худро “озодандеш” гузоштаанд то мардумро фиреб диҳанд. Аммо мардуми ҷафодидаи тоҷик ва ҷавонони баномуси Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар ҳеҷ гоҳ ба фирефтаву фитнаҳои ин бадкешон ва хоҷагони хориҷии онҳо дода нахоҳанд шуд. Мо озодандеш онҳоеро меҳисобем, ки ба қадри Истиқлолият, Ваҳдат ва суботу оромии кишвар, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ватансозӣ мерасад!

 Бознашр Рухшонаи ШЕРАЛӢ, узви ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз