- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁДАНД. Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд
Ҷум, 10/22/2021 - 22:01
ДУШАНБЕ 10.22.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.
Ба гуфтаи ӯ, «Толибон»* [ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби ҳаракат таъсис ёфтааст] ҳоло асосан аз гурӯҳҳои паштун иборат аст. «Аммо дар он ҷо тоҷикон ҳастанд, — гуфт Путин. — Ва аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 фоизро ташкил мекунанд. Бубинед, ин хеле зиёд аст».
«Баъдан, узбекҳо, ҳазораҳо ва дигарон низ ҳастанд. Бале, ман медонам, ҳоло ҳатто дар ҳайати роҳбарии [«Толибон»] ҳукумат намояндагони ин гурӯҳҳо ҳастанд, вале на дар нақшҳои калидӣ. Мардум иддао доранд, ки дар низоми идоракунии кишвар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Ва ин тавозун бояд пайдо гардад», — афзуд Президенти Русия.
Ба гуфтаи Путин, Русия барои дарёфти созишҳои қобили қабул, аз ҷумла бо назардошти ҳуқуқи занон манфиатдор аст.
«Мо бо ҳама неруҳои сиёсии Афғонистон дар тамос ҳастем ва бо ҳама робитаҳои нисбатан мӯътадил дорем. Аммо, мо хоҳони онем, ки созишҳои қобили қабул дарёфт карда шаванд ва масъалаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд, танҳо бо ёрии аслиҳа, ки ахиран чунин буд, ҳал нашаванд, балки манфиатҳои занон ба инобат гирифта шаванд», -гуфт Путин.
Дар идомаи суханронӣ Путин зикр кард, ки манфиатҳои Русия дар он ифода меёбанд, ки Афғонистон дар ниҳоят аз ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ барояд ва мардуми он тавонанд худро дар доираи сарҳадҳои миллии худ дар амн эҳсос кунанд ва имконияти рушду шукуфоӣ дошта бошанд. «Мо бо ҳар роҳ барои расидан ба чунин ҳадаф саъй хоҳем кард»,- гуфт Президенти ФР.
Ҳамзамон Путин изҳор дошт, ки нақш ва аҳамияти Покистон дар ин вазъ на камтар аз нақш ва аҳамияти Русия ё Чин аст. «Мо ба рушди ҳамкорӣ манфиатдорем <…> ба он хотир, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад»,- гуфт Президенти Русия.