Пан, 09/26/2019 - 10:36
Чанд рӯзест, ки русихонии мулло Абдураҳим Каримов дар ҷаласаи САҲА мавриди хандаву истеҳзо қарор дорад. Ба хонандагони ҷавон, ки аз қазия хабар надорад, бояд расонда шавад, ки мулло Абдураҳим ин ҳамон шахсест, ки дар хуни миллат ба курсии вазири гумрук нишаста, дар саҳми 30% мухолифони ҷангҷӯ шарик буд. Бо ҳамин сатҳи саводу дониш бо дунбаҷунбонии оппозитсион ӯ ба мансаби олии як кишвар вазирӣ расид. Ана сатҳу савияи дониши як наҳзатӣ. Ин ҳамон сатҳест, ки мулло Абдураҳим дар суханрониҳояш нишон медиҳад. Оё Мирзо Ҷагаву М.Искандаров донишгоҳи Оксфорду Кембриҷ хатм карда буданд?
Пан, 09/26/2019 - 10:34
Баъди шикасти худ дар нишасти САҲА, аъзои ТЭТ ҲНИ дигар даст ба дурӯғбофӣ мезананд. Акнун Муҳиддин Кабирӣ, на танҳо гумроҳони атрофаш, балки аҳли оилаи худро низ, ба дурӯғбофиҳо ҷалб кардааст. Ба таври мисол домодаш Амруллои Низом дар саҳифаи фейсбукии худ навиштаеро бо номи “Ду шикасти тими ҳукумат дар Варшава” гузошта, кушиш кардааст ба хонанда шикасти тими Тоҷикистонро дар ин нишаст воқеӣ нишон диҳад.
Пан, 09/26/2019 - 10:32
Инак аз Конфронси ҳуқуқи башари САҲА, ки дар шаҳри Варшава идома дорад, бештар аз як ҳафта сипарӣ шуд. Давоми ин рӯзҳо гуфтугузорҳову вокунишҳо ва ҳатто моҷароҷӯиҳои зиёде миёни ҷонибҳо ва намояндагони Тоҷикистон сурат гирифтанд. Ҷараёни мубоҳисаҳо ва радду бадали андешаҳо бозтоби он аст, ки ҳанӯз фарҳанги сиёсии аҳзоб ва гурӯҳҳои ба ном мухолифи кишвари мо куллан ташаккул наёфтааст. Гузашта аз ин дар робита ба амалкарди намояндагони ин гурӯҳҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки онҳо ҳатто барномаи мукаммали сиёсӣ ҳам надоранд.
Pages
|