Main menu

Маҷлисҳои сайёр ва баррасии санҷиши гуруҳи корӣ

Бо Амри раиси ноҳия №53 аз 20 апрели соли 2018 рӯзҳои баргузории маҷлиси сайёри раиси ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия (аз 24 апрел то 1 май) тасдиқ шуда буд. Дар асоси амри мазкур аз ҳисоби масъулони ноҳия, кормандони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,роҳбарони иддае аз ташкилоту муассисаҳо  гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъсис ёфта, ҳайати он дар ин муддат бо вазъи иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳосили соли 2018, назорати истифодаи замин, рафти корҳои саҳроӣ, парвариши пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот, ҷамъоварии пиёзи  барвақтӣ дар ҷамоатҳои ноҳия  аз наздик ошно шуданд.

Аз ҷониби гуруҳи корӣ ба вазъи таълиму омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ,фаъолияти марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳои тиббии ҳудуди ҷамаоатҳо, вазъи корҳои ободонию созандагӣ дар маҳалҳо низ таваҷчуҳи хоса зоҳир гардид.

IMG_0148.JPGДар ҷамъбаст ҳайати  гуруҳи корӣ бо ширкат дар  маҷлиси сайёри раиси ноҳия дар ҳар як ҷамоат дар баробари зикри муваффақияту аз камбудиҳо низ ёдовар шуданд. Раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода зимни баргузории маҷлиси сайёр дар ҳар як ҷамоат аз масъулин доир ба самтҳои фаъолияташон пурсиш намуда, барои бартараф кардани норасоию камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ  ироа кард.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз