- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Мулоқот бо генерал-майори милитсия И.Солеҳзода
Пан, 05/10/2018 - 10:23
Рӯзи 1 май дар толори маҷлисгоҳи деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов вохӯрии сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал-майори милитсия И.Солеҳзода бо кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳракуи деҳот, раисони маҳаллаҳо, раисони Шӯрои занони деҳаҳои ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ , соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ сардори ШКВД-и ноҳия, полковники милитсия В.Ҳамдамзода ифтитоҳ намуд. Генерал-майори милмисия И.Солеҳзода замни суханрониаш ҳолати сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии имрӯзаро таҳлил намуда, таъкид намуд, ки ҳама фаъолияту кору зиндагии шаҳрвандон бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад. Ӯ инчунин иброз дошт, вазъи сиёсию геополитикӣ моро водор месозад, аз хурд то калон мудом дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошему ватани худро дӯст дошта, ҳар як ваҷаб марзу буми ин диёри азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Дар идомаи баромадаш И.Солеҳзода қайд намуд, ки шомилшавии иддае аз ҷавонони кишвар ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгароию характери террористию экстремистӣ дошта ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Вазъи умумии Давлати исломии Афғонистон дар ҳолати муташанниҷ қарор дошта, таҳти назорат гирифтани на ҳама гуруҳу қавмҳо имконпазир аст. Мутаассифона дар вилояти Хатлон аз он ҷумла дар ноҳияи Шаҳритуз низ на ҳама волидон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя менамоянд. Чунончи танҳо аз ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов 23 нафар ҷавонон дар шаҳру музофоти давлатҳои Туркияву Сурия қарор доранд. Ҳамзамон алҳол ҷалби занону духтарон ба гуруҳҳои тундгаро ба назар мерасад. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави давлати Сурия задухурдҳои зиддитеррористӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, гуруҳҳои калони ба ном Давлати исломӣ ба ҳудуди Давлати исломии Афғонистон фирорӣ шуданд.
Шомилшавии ҷавонони тоҷик ба сафи Давлати исломӣ аз нуқтаи назари сиёсатшиносон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бештар тариқи ширкатҳои сайёҳӣ, донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ ва ба воситаи сомонаҳои интернетӣ роҳандозӣ мешавад. Бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавононро дар доираи Барномаи интиқоли муҳоҷирон, ки дар Россия тарҳрезӣ шудааст, ба давлатҳои Шарқи наздик, аз он ҷумла давлатҳои Туркия, Миср, Ироқ, Сурия равон месозанд. Терроризм қабл аз ҳама ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳолӣ ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, беҳимоятӣ бо роҳи фишору зӯроварӣ равона мешавад. Шомил шудани ҷавонони мо ба гуруҳу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ба худкушӣ баробар маҳсуб мешавад.
Аз ин лиҳоз ҳама аҳли ҷомеа аз он ҷумла роҳбарони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, падару модарон, имомони масҷидҳои намозҳои панҷвақта, фаъолони маҳаллаҳою деҳаҳо, омӯзгорон, шахсони рӯзгордидаро зарур аст, дар баробари манфиатҳои шахсиашон ба масъалаҳои доғи рӯз дар кишварамон, ки яке аз онҳо ҷалбу шомилшавии ҷавонон ба гуруҳу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои аз роҳи хато ва ҷинояту хиёнат баргардонидани фарзандонамон масъулияти ватандорию шаҳрвандиашонро фаромӯш накарда, чораандешӣ намоянд.
Масъалаи дигари ташвишровар, ки нотиқ қайд кард, дар муҳоҷирати меҳнатӣ мубталои бемориии ВИЧ/ СПИД гардидани шаҳрвандони мо ва баъди баргаштан ба ҷумҳурӣ сироятёбии дигар шаҳрвандон дар маҳалҳо мебошад. Аз омори расмӣ маълум мегардад, ки дар ноҳия 88 нафар гирифторони ин вабои аср ба қайд гирифта шудааст. Нисбати ин падидаи даҳшатзо низ бояд аҳли ҷомеа бетараф набошад ва барои беҳбуди вазъ чораю тадбирҳои муассир андешида шавад.
Дар набати худ раиси ноҳия Р. Оймаҳмадзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Шаҳритуз Қ. Давлатов низ зимни баромаду суханрониашон иброз доштанд, ки шаҳрвандон нахуст шукрона бояд кунанд, ки дар муҳити созгору осуда кору фаъолият карда истодаанду дар фазои сулҳу оромӣ бо корҳои шахсию давлатӣ шуғл меварзанд. Таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд кору фаъолияташро бо эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ, эҳтирому риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, дар баробари тарғиби расму оини миллӣ, барои пешгирии чиноят ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёнаю террористӣ дар ҳамгироӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораю тадбирҳои мушаххас андешанд.