Main menu

Ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз

Ба  наздикӣ   дар ошёнаи сеюми бинои Шӯроҳои маркази ноҳия маросими ботантана ифтитоҳ гардидани ду дафтари  кории  бо таҷҳизоти зарурӣ ва замонавӣ таҷҳизонида шудаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз  баргузор гардид. Дар расми кушодашавии он  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майори милитсия  Шодмонзода  Фародбек Алиёр, коршиноси миллӣ оид  ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия  Маҳмадиев Ҳайдар Холович , мушовири САҲА оид ба ислоҳоти милитсия Капортсев Дмитрий Геннадевич, раиси ноҳияи Шаҳритуз  Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, сардори  ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат варзиданд.

Баъди шиносоӣ бо утоқҳои кории мазкур дар назди ҳозирин Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майори милитсия  Шодмонзода  Фародбек Алиёр, коршиноси миллӣ оид  ба ислоҳоти милитсия, мушовири САҲА оид ба ислоҳоти милитсия Капортсев Дмитрий Геннадевич, раиси ноҳияи Шаҳритуз  Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, сардори  ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон  баромад карданд.

Аз он ҷумла генерал-майори милитсия  Ф.Шодмонзода  зимни суханрониаш доир ба таърихи рушди ислоҳоти милитсия мухтасар маълумот ироа намуда, қайд кард, ки соли 2007 Ҳукумати Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои дохилӣ ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат ба рушд ва ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон муроҷиат намуд.  Баъди омӯзишу пайгирии масъалаи мазкур Дафтари САҲА дар Тоҷикистон соли 2010 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати стратегӣ дар мавзӯи «Ояндаи фаъолияти милитсия дар Тоҷикистон-Стратегияи ислоҳот» дастгирӣ намуд. Бо мақсади амалисозии ҳуҷҷати мазкур лоиҳаи Ёддошти тафоҳум  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба масоили ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон  таҳия ва 8 апрели соли 2011 ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба таҳияи  Барномаи ислоҳоти милитсия дастуру супоришҳо дод ва барои оғози ислоҳоти фарогири милитсия ба манфиати халқи Точиродаи сиёсӣ зоҳир намуд. 19 марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо Фармони Президенти кишвар тасдиқ гардида, дар асоси ҳуҷҷати мазкур Барномаи ислоҳоти (рушди)милитсия ва Нақшаи иҷрои он таҳия гардиданд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3 майи соли 2014 тасдиқ шудаанд.

Инак аз аз 11 октябри соли 2014  дар ҷаласаи Гуруҳ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) Низомнома дар бораи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия тасдиқ карда шуд ва дар асоси он 27 марти соли 2015  баъди ба тасвиб расидани қарори Гуруҳ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия аз 1 майи соли 2015 дар назди шуъбаҳою раёсатҳои корҳои дохилии ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятиии аксар минтақаҳои кишвар Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Шодмонзода  Фародбек Алиёр  аз таъсису фаъолияти ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз низ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба раиси ноҳия барои мусоидату дастгирии Шӯрои мазкур, ҷудо кардани дафтарҳои корӣ ба ҳайати он  самимона миннатдорӣ баён карда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Шӯрои ҷамъиятӣ барои ҳамкории муфиди минбаъдаашон дар роҳи табиқи амалии ислоҳоти милитсия ба нафъи давлату ҷомеа барору комёбиҳо орзу намуд.

Ҳамаи баромадкунандагон  иброз доштанд, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории бо ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.

Дар навбати худ раиси ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз, полковники мустаъфӣ А.Шоимов  ба масъулони баландпояи Барномаи ислоҳоти милитсия, намояндаи САҲА дар Тоҷикистон, раиси ноҳияи Шаҳритуз, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз барои дастгирии моддиву маънавиашон бо мақсади роҳандозии фаъолияти муътадил Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, онҳоро бовар кунонд, ки ҳайати Шуроӣ ҷамъиятӣ барои татбиқи амалиии Барномаи номбурда донишу таҷриба ва маҳорати хешро дареғ намедорад.

IMG_9648.JPGБаъдан дар дафтари нави корӣ, ки бо маблағгузории  САҲА таъмиру таҷдид шуда буд, мушовири коршиноси миллӣ оид  ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия  Маҳмадиев Ҳайдар Холович ва мушовири САҲА оид ба ислоҳоти милитсия Капортсев Дмитрий Геннадевич бо ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти минбаъдаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва роҳҳои татбиқи амалии «Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» суҳбати корӣ доир намуданд.

А.Фаттоҳ

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз