Main menu

Ислом ва терористон

Дар ҳадиси қудусӣ  Худованд фармудааст: “Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед” (Саҳеҳи Муслим, 8/6).

Худованд дар сураи “Моида” мефармояд “Ҳар, ки касеро ба ғайри ивази касе ва ба ғайри фасод дар замин бикушад пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунонки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад”.  Аммо ин пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ болои мардум зулм мекунанд, хуни ба ғайри ҳақ меразанд, оташ мезананд, оё ислом чунин таълимот медиҳад? Ислом худ сулҳу салот асту ҳамдигарфаҳмию бахшишу меҳрубонӣ. Дар Давлати исломии Афғонистон байни мардуми мусалмон худро метарконанд. Дар масчидҳо, ки ҷои ибодати мусулмонҳо, ки дар пешгоҳи Худованд истода ба даст бар дуо бардоштанд худро метарконанд оё ин таълимоти ислом аст? Расули Худо фармудаанд: Мусалмони ҳақиқӣ касест, ки дигар мусалмонҳо аз забон ва дасти ӯ ва аз дилозориву зулму ситами ӯ дар амон бошанд. Дар ҳадисе омадааст: “Беҳтарини шумо касест, ки нафърасон барои мардум бошад ва бадтарини Шумо касест, ки зараррасон барои мардум бошад”. Ҳар касе, ки мардум аз ӯ зиёдтар фоида баранд, ӯ беҳтарини мардум назди Худованду Пайғомбар аст. Ҳар касе, ки мардум аз ӯ зиёдтар зарар бинанд, ӯ бадтарини мардум назди Худо ва пайғомбараш аст.

Террористон қоидаеро пеш гирифтанд, ки мусалмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, баъдан қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд. Дар ҳоле ки Паёмбар (с) мефармояд: “Рехтани хуни ҳеҷ мусалмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубувати Паёмбари ислом шаҳодат медиҳад, ҳалол нест...” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: “Терроризм ва экстеремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳаст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Каломи Худо мардуми мусалмонро танҳо баҳри сулҳу салоҳ ва ба ҳам овардани бародарони худ ҳидоят месозад, зеродар сураи “Ҳуҷурот” омадаст: “Мусалмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед” (Қуръон 49:10)

Қуръони карим одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, авф ва бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳй менамояд. Доир ба ахлоқи ҳамида ва хислатҳои неки  инсонӣ дар Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ омадаст: “Баъд аз он, [бояд]аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданд ва якдигарро ба бахшишу меҳрубонӣ васият карданд”

Мо бояд шукрона кунем, ки ин ҳама ҷонфидоиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон буд, ки тоҷиконро сари як миз сарҷамъ овард ва дар натиҷаи кӯшишҳои зиёд санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи кишвари мо санаи хотирмон ва таърихӣ аст. Бовар дорам, садҳо сол баъд авлоди мо ба сулҳи тоҷикон аҳсант гуфта, дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои нек мекунанд.

Акнун мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гӯруҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорем, ки дигар моро наметавон фиреб дод.

Мутассифона, бо гузашти беш аз 25 сол одамон оҳиста-оҳиста он рӯзҳоро аз хотир мебароранд: куштору ғорат, гуруснагиву қашшоқӣ, дарбандию муҳоҷирати иҷборӣ ва ғайра набояд аз ёдҳо зудуда гарданд. Гузашта аз ин, насли ҷавоне ба воя расид, ки ҷангро надидаст. Бинобар ин, ҷавононро огоҳ намоем, ки хизмат ба ватан, ба модар, падар, хоҳару бародар ин “ҷиҳод” аст, на куштору бераҳмӣ. Онҳое, ки ба ном ислом мегӯянду нияти нопок доранд, аксаран аз дини ислом маълумоте надоранд. Бинобар ин, мо бояд зиракиро аз даст надода, дар ҳифзи муқаддасоти худ ваҳдати миллии тоҷикон боғайрат бошем, фарзандонро насиҳат кунем, ҷавононро аз роҳи хатто баргардонем, зеро Паёмбар (с) мефармояд: Ҳар яке аз шумо агар кори хилоферо дид, бояд онро бо дасти  худ аз  байн  бибаред, агар натавонист, онро бо забону андарз аз байн бибаред вагарна тавонист, бо дил аз он безорӣ намояд, ки ин охирин ва заифтарин марҳилаи имон аст”. (Муслим, Аҳмад ва соҳибони Сунан).

Ҳифзи ҳимояи ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Бузургон гуфтаанд:“Ҳомиёни ватан-фариштагони нигаҳбон ва ватандустӣ ҷузъи имон” аст. Имрӯз бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

Хуллас, ҳамаи мо, тоҷикон, бояд боимон, худотарс, халолкор бошему ҳимояи ватани азизи худро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди роҳандозӣ намоем. Чунки Ҳукумати кишвар ғамхори халқ буда, Презденти мамлакат нигаҳбон ва кафили  сулҳ аст.

М. Гадоев, имоми  масҷиди ҷомеи ба номи Ҳазрати Алии ноҳия

Миёна: 5 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз