Main menu

Чорабинии хотирмон бахшида ба Рӯзи Ғалаба

      Рӯзи 8 май дар ноҳия ҷашни Рӯзи Ғалаба бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд гардид. Субҳи ин рӯз дар боғи 40-солагии Ғалабаи ҷамоати деҳоти Обшорон, боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, ннчунин дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз дар назди муҷассамаҳою лавҳаи ёдгории Сарбози номаълум, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ В.И Бояркин, Модар маросими гузоштани гулчанбарҳо доир гардид. Дар чорабиниҳои мазкур раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Н.Ғуломҳайдаров, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, аҳли ҷомеаи ноҳия ширкат варзида, бо гузоштани   гулчанбар ва зикри суханҳои нек дар ситоиши сарбозони шуҷоу далери Ватан руҳи фарзандони қаҳрамону ҷоннисори кишварро шод гардониданд.

      IMG_1175.JPGСипас дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, аҳли ҷомеаи ноҳия бахшида ба муносибати 73-солагии  Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади ботантана доир гардид.Дар ҳамоиши макур раиси нохияи   Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ баромад кард. Ӯ зимни суханрониаш аз ҷумла иброз дошт: “Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки соҳои 1941-1945 ба вуқуъ пайваст, дар таърихи башарият яке  аз  фоҷиаҳои бузургтарин ба шумор рафта, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ дар он солҳои мудҳиш зиёда аз 50 млн нафар одамон қурбон  шудаанд. Дар набардҳои хунину  тақдирсоз садҳо нафар Тоҷикистониён ва сокинони хештаншиноси ноҳияи Шаҳритуз низ иштирок намуда,  барои озодии Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар ҷонбозиҳо кардаанд. 

IMG_1230.JPG       Аз ноҳияи Шаҳритуз 1486 нафар фарзандони миллатҳои гуногун дар набардҳо иштирок намуда, 856 нафарашон содиқона дар майдони ҷанг ба ҳалокат расидаанд. Диловарию матонати 1 нафар фарзандони баору номус ва сокинони ноҳия бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи советӣ, 1 нафар бо ордени Ленин,  6  нафар бо ордени Шӯҳрат, 38 нафар бо ордени  Жуков сарфароз гардонида шуда, шуҷоату мардонагии онҳо ҳамчун намунаи ибрати насли ҷавон ёд мешаванд. Имрӯз метавон номи фарзандони матину диловари ноҳия Хуҷаназар Саидов, Саидқул Саидов, Нарзи Ғуломов, Турсун Ҷурақулов, Ғуломрасул Нарзиев, Мамазамон Эшмирзоев, Маманазар Тағоев, Амин Мингазов, Ҳасанов Тошмат, Норбутаев Исмат, Климен Николай, Василенко Алексей, Султонов Менгмурод, Пираков Саймуҳидин, Ҷураев Тура ва бисёр дигаронро  бо ифтихор ба забон овард, ки барои ҳифзи марзу буми ватани худ ҷонфидоӣ намудаанд. Даҳҳо ҳазор нафар дар ақибгоҳ низ қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, дар таъмини Ғалаба ҳиссаи бузург гузоштаанд.   

       Номи Исмоил Куганов, Ашӯралӣ Сафаров, Карим Худоёров, Хадича Насриддинова, Маҳмадӣ Раҳматов, Маҳмуд Баротов ва Акбар Тураев, ки дар ақибгоҳ дар баробари иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ заҳматҳои зиёд кашида, қаҳрамонӣ нишон додаанд, имрӯз бо ифтихор қайд карда мешавад.”

     IMG_1247.JPGРаиси ноҳия дар идомаи Паёми худ  аз корнамоию қаҳрамониҳои фарзандони содиқи Меҳан дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945ёдовар шуда, таъкид намуд, ки имрӯз ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манфиати давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии ватан, амнияти давлат ва пойдории ваҳдати миллӣ масъулияти фарзандии ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад.Мо бояд ватани худро сидқан дӯст дорем, шукронаи неъмати бузургтарини инсонӣ, яъне соҳибдавлатӣ кунем, барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҳамеша омода бошем ва ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон шабу рӯз заҳмат кашем.

 IMG_1262.JPG       Дар ҳамоиши мазкур комиссари ҳарбии ноҳия  подполковник С.Фаёззода тибқи фармоиши худ таҳти № 33 аз 8 майи соли 2018 бахшида ба ҷашни 73-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода, раиси комиссияи даъватии ноҳия С.Лоиқов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ К.Шоматов, собиқ ҷанговари башардӯст Н.Муҳаммадиев, сардори ШВКД дар ноҳия В.Ҳамдамзода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Қ.Давлатов, прокурори ноҳия У.Каримзода, сардори гуруҳи махсуси ҳарбии 0305 П.Давлатқадамов, раисони ҷамоатҳои деҳоти Пахтаобод,Обшорон, ба номи Х.Холматов, ба номи Ҷ.Назаров, Х.Бобоқулов, Л.Холова, У.Рисқдавлатзода, Ш.Бердиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов А.Маҳмудов, раиси маҳаллаи деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров И.Холиқовро дар вазъияти ботантана бо медали “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардонид.

    Дар фароварди чорабинии идона ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ба иштирокчиёни чорабинии идона савту сурудҳои дилнишин ва саҳначаҳои хотирмонро пешкаш намуданд.

А.Фаттоҳ

Миёна: 5 (2 votes)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз