- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ширкати фаъолона
Сеш, 05/22/2018 - 15:20
Ҳамасола дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» дар саросари ҷумҳурӣ Дави миллӣ гузаронида мешавад. Рӯзи 20 майи соли ҷорӣ оғоз аз саргаҳи кӯчаи Носири Хусрав то гардиши кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз чорабинии умуминоҳиявии Дави миллӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулону кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва одамони синну соли гуногуни ноҳия доир гардид.
Иштироки шаҳрвандон аз хурд то бузург дар чорабинии умуминоҳиявии Дави миллӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшид. Қобили зикр аст,ки дар қатори дигарон раиси ноҳия низ бо муовинону масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давидан ба масофаи 1,5 км фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбаст раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ҳамаи иштирокчиёнро бо баргузории чорабинии муҳими фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории Дави миллӣ рушду оммавияти соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, ҷомеаи солим боигарии давлату миллат мебошад. Сипас мудири бахши ҷавонон ва варзишии ноҳия Ф.Тӯрақулов ғолибони Дави миллии умуминоҳиявиро эълон намуда, раиси ноҳия ба онҳо дар вазъи тантанавӣ туҳфаҳои хотиравиро супорид.
Дар байни мардони ташкилоту муассисаҳо Маҳмадамин Азизов, Фаррух Боронов (аз муассисаи минтақавии Тоҷикстандарт дар Шаҳритуз), Хуршед Сайдалиев (аз Шабакаи барқи ноҳия)ва дар байни кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия Ҳафиз Тӯраев, Исмат Давлатов ва Султон Шомардонов (аз ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз )сазовори ҷойҳои аввал(1,2,3)гардиданд.
Дар давидан ба масофаи якуним километр байни муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби наврасон Ҳоҷӣ Шарипов, Фирдавс Холиёров (аз МТМУ-и № 1), Абдуҷаббор Рамазонов (аз МТМУ-и №15) ҷавонон- Ҷомӣ Дӯстов (аз мактаби варзишии бачагонаи ноҳия), Умедҷон Орипов (аз МТМУ-и № 12), Шавкат Хидиров (аз МТМУ-и № 4) ва аз ҷониби духтарон Нӯшофарин Ахмедова (аз МТМУ-и № 1), Дилноза Рисдавлатова (аз МТМУ-и № 4), Ёсуман Файзуллоева (аз МТМУ-и № 1) ғолибият ба даст оварданд.
Дар чорабинии варзишии Дави миллӣ дар байни аъзои Ташкилоти Ҷавонони ҲХДТ дар ноҳия Фаррух Эшнаев (омӯзгори МТМУ-и № 2), Шуҳрат Шоназаров (ҳунарманди Қасри фарҳанги ноҳия) ва Некрӯз Насимов (намояндаи мактаби варзишии бачагонаи ноҳия ) ба гирифтани ҷойҳои 1,2,3-юм ноил гардиданд.
Кобили зикр аст, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия низ ғолибони чорабинии мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.