Main menu

Бетараф набошем

Рӯзи 16 май  дар Қасри фарҳанги ноҳия  кормандони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. Дар назди иштирокчиёни мулоқоти мазкур сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ғаффорзода Искандар Муҳибулло ва нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Олимзода Мансур баромад карданд. Онҳо зимни суханрониашон  аз фаъолияти  ниҳоди мазкур вобаста ба ҷой доштани фасоди молӣ ё худ даст задан ба коррупсия аз ҷониби масъулони сатҳи гуногун бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ, оқибати ин амалҳои номатлуб ва зарарҳои ба давлату шаҳрвандон расонидаи иддае аз мансабдорону шаҳрвандони алоҳида сухан ронда, аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овварданд, ки дар мубориза барои пешгирӣ аз коррупсия ва фасоди молӣ бетараф набошанд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз М.Раҷабзода иштирок намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз