Main menu

Мулоқоти гуруҳи корӣ

17 майи  соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия мулоқоти гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, инчунин раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ноҳия  ва дигар қишрҳои ҷомеа доир гардид.

Пас аз ифтитоҳи чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз А.Ҳайбуллоев ,   роҳбари маркази ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғаффорзода Давлат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, инчунин раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон  суханронӣ карданд. Онҳо ҳадаф ва нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтавои  баромади дар  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат дар санаи 12 майи соли 2018 ироа гардидаро ба самъи ҳозирин расониданд.

DSCN7770.JPGДар фароварди  вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз А.Ҳайбуллоев  ба гуруҳи корӣ барои баромадҳои бомуҳтавою ҳадафрасашон изҳори сипос намуда, дар навбати худ қайд кард, ки муҳаррики тамоми пешравиҳо таблиғот мебошад.  Бо ибрози ӯ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку ноҳия ситодҳо таъсис дода шуда, Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ», комиссияҳои кор бо занон ва ҷавонон ва тафтишотии Кумитаи иҷроия, бахши намояндагии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва гуруҳи вакилии ҳизбӣ таҳти роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат  вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми декабрии  соли 2017 ва муҳтавои мулоқоту суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақша дар маҳалҳо корҳои гуногуни таблиғотиро  роҳандозӣ менамоянд.

DSCN7716.JPGМавриди зикр аст, ки қабл аз баргузории мулоқот дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия  ҳунармандони ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунварҳои миллӣ маҳсули дастону ҳунари нотакрорашонро, ки аз либосҳои гуногуну кашилдадӯзиҳои рангоранг,  мусавараю расмҳо ва  нақшҳои ҷолиб иборат буданд, ба маърази тамошо гузоштанд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндани Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ба ширкаткунандагон  Аксияи иттилоотӣ таҳти унвони  «Ҳар ки хандонад ятими хастаро, боз ёбад ҷаннати дарбастаро!» тақсим карда шуд.

Гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳам  мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз