- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия
Чор, 05/23/2018 - 18:55
Таҷлили имсолаи ҷавонон чун солҳои қаблӣ дар доираи Ҳафтаи ҷавонон дар рӯзҳое қайд мегардад, ки мардуми шарифи кишварамон ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳарҷониба омодагӣ мегиранд.
Соли ҷорӣ рӯзи 22 май дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия,ҷавонон, аҳли ҷаматчигии ноҳия чорабинии ботантана доир гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ нахуст бо маҳсули дастони ҳунармандони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз наздик шинос шуда, ба чорабиниҳои варзишию фарҳангии ҷавонон ва мутасадиёни ҷашнвора таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Сипас дар назди иштирокчиёни ҳамоиш раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо Паёми табрикӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баромад кард. Ӯ зимни ироаи Паёми табрикӣ ҳамаи ҷавонони ноҳияро,ки ворисону арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошанд, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар кадомашон иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу намуд.Ҳамзамон изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи ноҳия дар қатори дигар ҳамватанони худшиносу ватандӯстамон ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Раиси ноҳия дар фароварди Паёми табрикиаш бо камоли боварӣ иброз дошт, ки ҷавононои ватандӯсти ноҳия минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳақуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини субботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаашонро мегузоранд.
Сипас мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия А.Саидраҳмонов Амри раиси ноҳияро «Дар бораи сарафроз гардонидани як гуруҳ ҷавонони ҷамаотҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон» қироат кард. Раиси ноҳия гуруҳи ҷавонони ноҳия аз қабили Албина Мирзоқулова, Ҷомӣ Дӯстов,Аминҷон Нуралиев,Субҳоналӣ Саидраҳмонов, Парвона Зоҳидзода, Нурафшон Акрамзода, Собир Абдукаримов,Манучеҳри Анварӣ, Нилуфар Хидирова, Зуҳуршо Пирназаров ва Баҳриддин Ҷабборовро барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳисси баланди худшиносииву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ , маърифати баланди ҳуқуқӣ ва дигар амалҳои шоистаашон бо Ифтихорномаи раиси ноҳияву туҳфаҳои арзанда сарафроз гардонид.
Дар ҷамъбасти Озмуни ноҳиявии Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов ғолиб дониста шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Ба маҳсули ҳунарҳои мардумии Ҷамоатҳои деҳоти «Обшорон»ва ба номи Т.Садриддинов ҷойҳои дуюм ва сеюм насиб гардида, ҷамоатҳои деҳоти мазкур соҳиби 200-300 сомонӣ мукофотпулӣ гардиданд.Раиси ноҳия ба раисони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х.Холматов, деҳоти «Обшорон»ва ба номи Т.Садриддинов У.Рисдавлатов, Л.Холова ва Х.Ҷӯрабоев дар вазъияти ботантана мукофотпулиҳоро супорид.
Дар охир ба иштирокчиёни чорабинӣ ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия ва ҷавонону наврасони соҳибистеъдоди ноҳия барномаи идонаи консертӣ манзур намуданд.