Main menu

Мулоқоти хотирмон

28 майи соли ҷорӣ гуруҳи корӣ, ки дар ҳайати он кормандони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистону  вилояти Хатлон, зиёиён, ходимони дин, масъулини соҳаҳои маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон шомил буданд, бо мақсади ба мардуми ноҳияи Шаҳритуз расонидани  нуктаю муҳтавои суханони дар мулоқот бо  намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, рӯзи 12 майи соли 2018, дар шаҳи Душанбе ироа кардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф оварданд.

Мулоқоти нахустин дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки  роҳбарони корхонаю муассисаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.  Чорабиниро раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ифтитоҳ намуд. Сипас  вазири мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н.Саид, прокурори вилояти Хатлон Н.Маҳмудзода,  профессор, доктори илмҳои филология, мушовири ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав Ҳ.Муродиён , мудири бахши  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  С. Шарифзода баромад карда, оиди муҳтавои суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши зикргардида  ибрози андеша намуданд.

IMG_2901.JPGОнҳо қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни баромадаш рӯзи 12 май дар баробари зикри фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, масъалаҳои иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорию ободонӣ дар саросари ҷумҳурӣ, инчунин масъалаҳои  хатари доман густурдани терроризм, экстремизм  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзиши донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва амсоли инҳоро низ мавриди баррасию таҳлили ҳарҷониба қарор доданд.

Нотиқон иброз доштанд, Роҳбари Ҳукумати ҷумҳурӣ, Пешвои миллат ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияти онҳо супориши қатъӣ доданд, ки ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти мамлакатамон, яъне то 9 – уми сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани  ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои ободонию созандагиро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадашон таъкид намуданд, ки дар давоми се соли дар пеш истода  зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру  азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус анҷом додани хатна , бунгоҳҳои тиббӣ , майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шаввад.

Инчунин, бунёди китобхонау ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, шинондани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.

Дар фароварди мулоқот ҳайати гуруҳи корӣ ба суолҳои аҳли толор посухҳои мушаххас ироа карданд.

Мавриди зикр аст, ҳайати гуруҳи кории ташриф оварда дар дигар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ чунин мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, аҳолӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳияро бо ҳадаф муҳтаво ва суханрониии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо  намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз  наздик ошно намуд..

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз