- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ободии Хоҷа Машҳад ободии мост
Пан, 08/02/2018 - 12:07
Дар ноҳияи Шаҳритуз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле зиёд буда, яке аз машҳуртарини онҳо мадрасаи Хоҷа Машҳад мебошад, ки дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ҷойгир аст ва ба асрҳои 9-11 тааллуқ дорад. Ба ақидаи олимон ин ёдгории таърихӣ дар Осиёи Миёна назир надорад.
Аз рӯйи нақли амакҳоям Қурбон, Абду соли 1946 ба деҳа Сайёд аз шаҳри Москва гуруҳи ходимони илмии рус иборат аз 5 нафар омаданд. Ба ин гуруҳ бонуи руси тахминан 38-40-сола, номзади илми таърих Соловёва Нина Сергеевна роҳбарӣ мекард. Ҳамаи 5 нафар ходимони илмии московӣ (1нафар зан, 4 нафар мард) дар манзили якчандхонагии бобоям Арабалӣ Собиров, ки посбони мақбараи Хоҷа Машҳад буд, зиндагӣ мекарданд.
Онҳо қариб 5 моҳ ба кофтукову таҳқиқи пасту баланди хиштҳои бо мурури замон кафида, гирду атрофу поени гумбазҳо ва мадраса (ҳоло вай вуҷуд надорад) машғул шуданд. Роҳбари гуруҳ Соловёва Нина Сергеевна барои кофкуков 5-6 нафар мардони сайёдии қобили кориро дар асоси шартнома кор мефармуд ва бо музди маош таъмин мекард. Бибиам ба меҳмонон ё худ тадқиқотчиён рӯзе се маротиба хӯрок пухта медод.
Баъди ба вазифаи котиби ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳритуз интихоб шуданам ман бо шоирону нависандагон, олимон, рӯзноманигорон сару кор доштам. Солҳои 1966, 1970 сармуҳаррири асари безаволи «Таджики»-и директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР, академик, Бобоҷон Ғафуров -Б.А.Брагинский ба Хоҷа Машҳад омад, ки ман ӯро дар ҳар ду сафараш ҳамроҳӣ карда будам.
Дар хусуси Хоҷа Машҳад ва таърихи пайдоиши он дар баробари матлабҳои зиёди олимони тоҷику русу узбек дар байни мардуми оддӣ низ гуфтаҳои зиёде садо медиҳад. Аз рӯйи гуфти яке аз ин ривоятҳо гӯё ки мақбараи Хоҷа Машҳад дар як шаб сохта шуда бошад. Ба андешаи мо гуфтаи мазкур аз ҳақиқат дур мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар мадрасаи мазкур шоири классики адабиёти тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҳсили илм кардааст. Куҳансолони деҳаи Сайёд нақл мекарданд, ки солҳои пеш сокинони деҳаи мазкур ва деҳаҳои «Чуянчӣ», "Будённий», «Трактор» (ҳоло деҳаи «Лолазор») тӯю маъракаҳои мардумиро дар назди ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад мегузарониданд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хоҷа Машҳад низ умри дубора ато кард. Қобили қайд аст, ки баъди зиёрати дукаратаи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуд ва гирду атрофи мақбараи Хоҷа Машҳад ба худ ҳусну таровати тозатаре гирифт.
Солҳои охир дар қатори дигар шахсони ватандӯст раиси ноҳияи Шаҳритуз муҳтарам Р.Оймаҳмадзода низ барои ободу маъмур гардонидани мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия аз он ҷумла Хоҷа Машҳад ғамхории махсус зоҳир карда истодааст. Бо супоришу дастури ӯ собиқ раиси маҳаллаи деҳаи Сайёд Рӯзибой Очилдиев барои ободии деҳа ва мавзеи таърихии Хоҷа Машҳад пайваста чорабиниҳо мегузаронид. Раиси навинтихоби маҳаллаи деҳаи Сайёд Нодиршоҳ Эшмирзоев бо амакаш Ҳоҷӣ Иброҳим ва фарзандони ӯ Фозил, Раҳим, Фарҳод, Сироҷ, Комил, Мироҷ низ бо иқдомҳои ватандӯстонаю ободгаронаашон барои ободу зебо гардидани ёдгории фарҳангии Хоҷа Машҳад мусоидат менамоянд.
Ба наздикӣ дар бинои МТМУ-и №7 ҷамъомади сарварони оилаҳои деҳаи Сайёд баргузор гардида, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои таъмир, ободу зебо гардонидани гирду атрофи Хоҷа Машҳад, қабристон, мумфарш кардани роҳи марказии деҳаи мазкур ва роҳи самти Хоҷа Машҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷамъомади мазкур Ҳоҷӣ Иброҳим боз ҳам чун як шахси ташаббускор баромад карда, иброз дошт, ки бо ҳамсараш Турсун Ҷӯрақулов,10 фарзанд ва пайвандонаш омодаанд ҳам аз лиҳози маблағ ва ҳам аз ҷиҳати иштироки бевосита барои ободонии деҳа ва зебою хушнамуд гардонидани гирду атрофи мақбараи Хоҷа Машҳад ҳиссаи арзишманди хешро мегузоранд.Ҳамзамон номбурда зимни баромадаш аз ҳамаи ҳамдеҳаҳо, инчунин ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта ва дигар шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кард, худро аз корҳои бунёдкорию ободонӣ дар канор нагирифта, барои ободии як гӯшаи диёр саҳмгузорӣ намоянд. Дар омади сухан гуфтаниям, ки ман, яъне муаллифи ин сатрҳо ва писарам Собирҷон, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, тайёрем дар ин кори хайр ҳиссаи шахсиамонро ҳамроҳ намоем.
Ногуфта намонад. дар деҳаи бостонии Сайёд бо ҳиссагузории аҳли деҳа корҳои ободонӣ босуръат идома дорад.Дар фароварди матлаб андешаеро иброз карданиям. Албатта ба тартиб овардани дохил ва гирду атрофи мақбараи Хоҷа Машҳад вазифаи ҷонии мардуми деҳаи Сайёд аст. Дар баробари ин ҷойи пӯшида нест, аз ҷониби зиёраткунандагони ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад ҳар рӯз ва бахусус рӯзи чоршанбе маблағи муайян ворид мешавад. Агар мутавалии ин мавзеъ Маҳмадюсуф Азимов ин маблағҳои ҳангуфтро барои гулзор ва маъмуру обод кардани атрофи ин мавзеи таърихӣ масраф мекард, кори басо савобу баманфиат мешуд.
Боварӣ дорем, дар соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, бо иқдоми наҷиби ҳайати кумитаи маҳаллаи деҳаи Сайёд, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дастгирии сокинони ин деҳа ва аҳолии ноҳия, инчунин ҷавонмардони баору номуси ноҳияи Шаҳритуз ёдгории беназири Хоҷа Машҳад ва гирду атрофи он симою намуди хешро боз ҳам зеботар намуда, таваҷчуҳхи ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб карда, фарҳанги тоҷикро ба ҳамагон муаррифӣ менамояд.
Мусулмонқул Ҷӯрақулов, собиқадори матбуот, шаҳраки Шаҳритуз