Activities calendar
20 Август 2018
Душ, 08/20/2018 - 19:24
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳнамоии таъсисдиҳандагони майдони Шаҳидон дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе бо ҷалбу иштироки мардуми аз сиёсат камогоҳу бехабар гирдиҳамоии дуру дароз доир гардид.
Душ, 08/20/2018 - 19:05
Боиси хурсандист, ки тайи чанд соли охир соҳаи иқтисодиёт ва илми Тоҷикистон ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ин замина ба дастовардҳо ноил гардид. Сиёсати пешгирифта ва оқилонаю дурбинонаи Пешвои маҳбуби мо буд, ки имрӯзҳо дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду бузург сохта шуданду ҷумҳурии мо ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуда истодааст. Ё ифтитоҳ, таъмир ва бунёди садҳо нақбу роҳҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт.
Душ, 08/20/2018 - 18:54
Бешубҳа, ҷавонони ватанпарвар, ватандӯсти тоҷик аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба комёбиҳои намоён ноил гардиданд. Ин нишондодҳо ҳар яки моро хурсанд намуда, ба ин қабил ҷавонон аҳсану офарин мегӯем.
Душ, 08/20/2018 - 18:35
Мувофиқи низомномаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати мусоидат ба мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз” аз санаи 6 то 17 август дар майдонҷаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳия мусобиқи “Футболи хурд” баргузор гардид.
Душ, 08/20/2018 - 18:27
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 августи соли равон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии тоза ба истифода додашудаи боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Шаҳритуз бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди Ҷоми раиси ноҳияи Ша
Душ, 08/20/2018 - 16:58
Мардуми фарҳангсолори тоҷик аз қадим бо доштани китобхонаҳои бою ғанӣ машҳури олам буданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи подшоҳони пешинаи мо китобдори худро манзалат медоданд. Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки “барои ба хазинаи ганҷ расидан бояд аввал роҳи китобхонаро убур намоӣ”. Дар ин росто Паёмбари барҳақи Ислом низ фармуданд, ки “Илм агар дар Сурайё бошад, онро мардуми Форс пайдо менамоянд”. Ин шараф, ин дастовард, ин ифтихор ҳеҷ гоҳ бе хондани китоб ва андӯхт
Душ, 08/20/2018 - 16:37
Рӯзи 16 август тибқи Амри раиси вилояти Хатлон гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард.
|