- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Тақвияти мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа
Душ, 08/20/2018 - 16:37
Рӯзи 16 август тибқи Амри раиси вилояти Хатлон гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард. Гурӯҳи корӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарони корхонаю муассисисаҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони фаъол, раисони маҳаллаҳо, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ, имомхатибон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрию суҳбати ошкоро доир намуданд.
Раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода бо сухани муқаддимавӣ ҷамъомадро ифтитоҳ кард. Сипас роҳбари гуруҳ, муовини раиси вилояти Хатлон М.Хидирзода , аъзои гуруҳ –мудири шуъбаи оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон С.Шарифзода, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон С.Зоҳирзода, сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати КДАМ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Н.Каримов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ю.Обидзода, мудири бахши ҷавонони кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Р.Насриддинзода дар назди ҳозирин баромад карданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии азизамон дар ҳама самтҳо ба пешрафту комёбиҳои чашмрас ноил шуда, сатҳи рӯзгору зиндагии ҳамдиёронамон ба маротиб беҳтар гардид. Дар баробари ин таъкид гардид, сулҳу суббот ва амну осоши кишвар рушду тараққиёти босуръати он душманону бадхоҳони миллату давлатро ором нагузошта, онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд, вазъро ноором сохта, дар қалби сокинони кишвар тарсу ҳаросро ҷо карда, бовариашонро ба ояндаи дурахшони кишвар коста гардонанд. Мисоли ин ҳодисаест,ки 29 июли соли ҷорӣ дар минтақаи ҷануби кишвар рӯй дод.Дар он рӯз гуруҳи ҳафтнафараи дучархасаворони хориҷиро, ки аз самти Кӯлоб ба пойтахти кишвар ҳаракат мекарданд, як дастаи ҷиноятпешаи аз тарафи ТТЭ ҲНИ созмонёфта дар роҳ нахуст бо мошини сабукрав пахш карда, сипас бо корду табар онҳор захмӣ карданд, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва ду нафар дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шуданд.
Падидаи ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил шудани иддае аз ҷавонон ва содир кардани ҷиноятҳои гуногун аз ҷониби онҳо барои аҳли ҷомеаву давлат нигаронкунанда буда, аз ҳар як шаҳрванд ҳушёрию зиракии сиёсиро тақозо менамояд.
Дар анҷоми ҳамоиш навори филми 20 дақиқаина нишон дода шуд. Тавассути тамошои филми мазкур аҳли толор бо чеҳраҳое аз ноҳияҳои Шаҳритузу Восеъ, Рӯдакӣ, шаҳрҳои Чкаловск, Турсунзода, Бохтар, Кӯлоб ва Душанбе ошно шуданд, ки аксар дар задухурдҳои давлати ба номи исломии Шом (ДИИШ)ширкат варзида, аз кардаи худ пушаймонанду тибқи моддаи 401иловаи 1-и КҶ Тоҷикистон авф шуда, ҳамдиёрони худро таъкид менамоянд, хатои онҳоро такрор насозанд.
Дар анҷом раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода ба ҳайати гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои баромадҳои пурмуҳтавояшон изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа ва фаъолони ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар самти тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят пурзӯр намуда, барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконияҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Саймуддин Лоиқов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия