- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Хоинонро маҳкум менамоем
Душ, 08/20/2018 - 18:54
Бешубҳа, ҷавонони ватанпарвар, ватандӯсти тоҷик аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба комёбиҳои намоён ноил гардиданд. Ин нишондодҳо ҳар яки моро хурсанд намуда, ба ин қабил ҷавонон аҳсану офарин мегӯем.
Мутаассифона, вақте бо маълумоти оморӣ шинос шуда мебинем, ки дар қатори дигар ҷавонони кутоҳандешу тираақл аз ноҳияи мо ҳам теъдоди муайяни ҷавонон ба ҷои таъмини дастуру супоришҳои Сардори давлат даст ба дуздию ғоратгарӣ, одамкушию вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷудошавии оилаи навбунёд мезананд, худро ноҳинҷору ноором ҳис мекунем. Зиёда аз ин беш аз даҳҳо нафар ҷавонони ноҳия фирефтаи душманони миллат шуда, дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ шомил шуда, сабабгори рехтани хуни садҳо нафар модарону падарон ва кӯдакони бегуноҳ гардидаанд, ки кору рафторуонҳо кирдорест нобахшиданӣ.
Ман боварии комил дорам, ки ҳамаи он ҷавонони тоҷик, ки ба фиребу найранги душманони дохиливу хориҷӣ эътимод намуда, Тоҷикистони офтобрӯяи моро тарк карда, дар хориҷа бар зидди мусалмонҳо ҷангидаанд, кайҳо ин дунёи фониро падруд гуфта, қисматеро гӯр кардан ҳам насиб нагардидааст. Зинда будаҳошон бе ҷойи истиқоматии боэътимоду бехавф дар хаймаю манзилҳои хароба бо либосҳри ношустаю дар хоку хун ғарқшуда ва таоми сагона умр ба сар мебаранд ё худ рӯз кӯр мекунанд.
Ба андешаи инҷониб ҳамаи онҳо ва ба онҳо монанд ҷавонон хоинони Ватан мебошанд. Ин қабил хоинон садқаи миллати тоҷик, садқаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, садқаи ғамхориҳои падарона ва меҳрубононаи Давлату Ҳукумати кишвар бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаванд.
М.Ҷӯрақулов, собиқадори меҳнат, шаҳраки Шаҳритуз