Main menu

“Оммавӣ гардонидани хониш миёни ҷавонон”

               Мардуми фарҳангсолори тоҷик аз қадим бо доштани китобхонаҳои бою ғанӣ машҳури олам буданд.  Таърих гувоҳ аст, ки  ҳамаи подшоҳони пешинаи мо  китобдори худро манзалат медоданд.  Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки  “барои ба хазинаи ганҷ расидан бояд аввал роҳи китобхонаро убур намоӣ”.    Дар ин росто Паёмбари барҳақи Ислом низ фармуданд, ки “Илм агар дар Сурайё бошад, онро мардуми Форс  пайдо менамоянд”.  Ин шараф, ин дастовард, ин ифтихор ҳеҷ гоҳ бе хондани китоб ва андӯхтани дониш ба касе муяссар намегардад.  Аз ин ҷост, ки  дар тамоми ғасбкориҳои худ аввалин коре, ки аҷнабиён  аз қабили Искандари Мақдунӣ, Арабҳо ва Муғулҳо анҷом медоданд, ин сӯзонидан ва несту нобуд гардонидани китобхонаҳои бузурги дарборӣ буд. Онҳо хеле хуб медонистанд, ки миллати бе китоб ва китобхона,  хеҷ гоҳ  миллати асил шуда наметавонад.  Вале таърих нишон дод, ки тамоми саъю талоши онҳо ба коми ҳаво рафту тире бар замин шуд.  Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ асолати худро аз даст надодааст ва нахоҳад дод.   

                  Имрӯз   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми таваҷҷуҳи худро ба самти  китобхонаҳо нигаронида, барои ҳаводорони китоб тамоми имкониятҳои муосирро фароҳам овардааст.  Ба ин соли 2012 сохтану ба истифода додани китобхонаи миллии Тоҷикистон бо доштани китобхонаҳои электронӣ ва дигар шароитҳои  мусоиди ҷаҳонӣ инчунин даҳҳо китобхонаҳои хурду бузург дар сарорсари кишвар гувоҳӣ медиҳад.

              Дар заминаи гуфтаҳои дар боло зикргардида,  маъмурияти китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз низ  фаъолияти худро рӯз то рӯз тақвият бахшида,  аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар давоми 8 моҳи соли 2018 135 чорабинии  сиёсӣ, маърифатию фарҳангӣ  доир намудаанд.  Яке аз чунин чорабиниҳо, семинар- машварати омӯзишӣ мебошад, ки миёни китобдорон таҳти унвони  “Оммавӣ гардонидани хониш  миёни ҷавонон” санаи 16 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи  Х. Холматов баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур  мудири китобхонаи вилоятии ба номи Ш. Шоҳин Т. Юсупова,  хабарнигори ҳафтаномаи фарҳангии “Баҳори аҷам” Далер------ , мудири бахши фарҳанги ноҳия, У. Ғафуров, мутахассиси пешбари бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳия Қ.Сайализода Қ ва китобдорону масъулони китобхонаи марказии ноҳия ширкат варзиданд.

                  Сараввал мудири китобхонаи вилоятии ба номи Ш. Шоҳин Т. Юсупова  баромад намуда, қайд намуд, ки доштани китобхона ва китобдорӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, ҳамарӯза зери назорат ва дастгириҳои пайвастаи  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.  Моро мебояд, ки бо вуҷуди пешравиҳои ба ҳамагон маълум мақому манзалати китобхонаро  миёни насли наврасу ҷавон тақвият бахшем. Ин ҳам як  аз роҳҳои пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбҳои иртиҷоӣ мебошад.  Дар ин раванд волидайни азизро зарур аст, ки фарзандони худро аз синни хурдсолӣ ба китобхона роҳнамоӣ намоянд. Ягон китобдор ҳуқуқи маънавии аз даст додан ва беэътиноӣ намудан  ба талаботи китобхони худро надорад.  Ҳамчунин  намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия низ дар маърӯзаи худ ҷиҳати  рӯ овардани  ҷавонон ба китобхонӣ ва   нафъи он ба ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт ки  он ҳодисаи нангини рӯзи 29 июли соли 2018 дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе, ки аз ҷониби 5 нафар ҷавонони кишвар нисбати  сайёҳонӣ хориҷӣ ба вуқуъ пайваста  бори дигар собит намуд, дар шароити имрӯза, ки ҷавонон пайваста шикори   шахсон ва гуруҳҳои ифротгаро мешаванд, мо набояд зиракии сиёсии худро аз даст диҳем. Замон ба мо гувоҳ шуд, ки як лаҳзаина ғафлати мо  бо тани беҷони 5 бегуноҳи сайёҳ, ки дар қалби ҳар як нафарашон ҳазорон орзу нуҳуфта буд анҷомид.  Ин ҳодисаи нангин моро бори дигар  таккон дод, ки ҳамеша ҳушёру бедор бошем.   Аз ҷониби намояндаи бахши танзими ноҳия ҷиҳати  риоя намудани танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  иди Қурбон таъкидҳо шуда, қайд гардид ки  исроф ва исрофкорӣ аз мардуми аҳли суннат нест ва паёмбари Ислом нисбати  исрофкунандагон ба имрузиён панде ба ҷо гузоштааст “Исрофкунандагон аз мо нестанд” далел ба гуфтаҳои болост. 

              Дар фарҷом  аз тарафи Т. Юсупова ба тамоми ширкаткунандагон  маърӯзаҳои омузишӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз  тақсим  карда шуд, ки  барои кори минбаъдаи китобдорон аз фоида холи набуд.     

              Қайд намудан ба маврид аст, ки натиҷаи саъю талошҳои бардавоми  директори китобхонаи марказии ноҳия О.Қодирова ва тамоми  китобдорони ноҳия буд, ки имрӯз китобхонаи марказии  ноҳияи Шаҳритуз дар сатҳи вилоят мақоми хоса пайдо намуда, соҳиби чандин диплом ва ифтихорномаҳо гардидаанд. Айни ҳол дар  хазинаи китобии китобхонаҳои марказӣ ва деҳотии ноҳия 86 ҳазору 399адад  китоб мавҷуд  буда, дари китобхонаҳо ба ҷуз рӯзи истироҳат ҳамарӯза барои хонандагон боз аст. Қобили зикр аст, ки имрӯз китобхонаҳои ноҳияи Шаҳритуз ба истиснои рафтуомади ҳаррӯзаи шаҳрвандон  6694 хонандаи доимӣ дорад.

Фарангиси Амрохон, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз