- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунем?!
Душ, 08/20/2018 - 19:24
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳнамоии таъсисдиҳандагони майдони Шаҳидон дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе бо ҷалбу иштироки мардуми аз сиёсат камогоҳу бехабар гирдиҳамоии дуру дароз доир гардид. Таъсисдиҳандагону роҳбаладони чорабинии мазкур, ки асосан намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд, бо суханҳои зоҳиран пурмуҳтаво, дар асл ғаразноку манфиатҷӯёнаи хеш домони ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ, бахусус ҷавононро бо чормағзи пуч пур карда, дар ҷумҳурӣ ба нифоқу парокандагӣ ва ҷангу хунрезӣ роҳ кушоданд.
Чунончӣ Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар саркардагони он ҳамоиш мардуми аз мақсадҳои нопоки онҳо огоҳӣ надоштаро ба ҷиҳод даъват карда, мегуфтанд, ки ҳар касе ба онҳо пайравӣ намояд, «биҳиштӣ» маҳсуб мешавад. Равиши воқеаҳо нишон дод, ки маҳз бо кутаҳназарию манфиатҷӯии мухолифини Ҳукумати Конститутсионии кишвар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, ҳазорон нафар аз хонаю ҷой маҳрум монда, ба Афғонистон ва давлатҳои дигар фирорӣ шуданд.
Тавре Саид Қиёмиддини Ғозӣ ё худ ба ном «генерали мардумӣ»баъди дастгир шудану тариқи телевизиони Тоҷикистон баромад кардан мегӯяд, ба онҳо хочагони хориҷӣ маблағ ҷудо мекарданд. Онҳо барои кӯмаку дастгирии гурезаҳо маблағ дастрас намуда, ба ҷойи дастгирии фирориёни иҷбории тоҷик маблағҳои ҳангуфтро барои тарғиби равияҳои дигари ислом ва ҷиғилдонҳои бетаги худ сарфу харҷ мекарданд.
Магар мардум бо хушбовариашон биҳиштӣ шуданд.Ҳаргиз не. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз:
Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам.
Ин гуфтаҳо сад дар сад дуруст аст. Воқеан агар мо Ватани худро обод кунем, биҳишти мо ин ҷост.Хушбахтона рӯзҳои сиёҳу наҳси миллат паси сар шуданд. Тоҷикистон таҳти роҳнамоии фарзанди барӯманди миллату давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба ободию шукуфоӣ оварда, миллат сарҷамъ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Мо дар айни замон шукронаи Пешвои миллат ва ин Ватани ободу озод намуда, ҳамзамон набояд як лаҳза нисбати сарнавишти худ ва ин Ватани биҳиштиамон бепарво бошем, зеро Кабирию ҳаммаслакони онҳо ҳоло ҳам таҳти роҳнамоию ҳидояти хоҷагони хориҷиашон қарор дошта, аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бурданӣ мешаванд, то ки фазои беғубори кишварро пур аз абрҳои сиёҳ намуда, мардумро бар зидди Ҳукумат ва роҳбарияти Олии он бишӯронанд ва вазъро муташанниҷ намоянд.
Шамсиддин Сайдалиев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия