- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Нигаронӣ аз амалҳои моҷароҷўёна
Душ, 08/20/2018 - 19:05
Боиси хурсандист, ки тайи чанд соли охир соҳаи иқтисодиёт ва илми Тоҷикистон ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ин замина ба дастовардҳо ноил гардид. Сиёсати пешгирифта ва оқилонаю дурбинонаи Пешвои маҳбуби мо буд, ки имрӯзҳо дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду бузург сохта шуданду ҷумҳурии мо ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуда истодааст. Ё ифтитоҳ, таъмир ва бунёди садҳо нақбу роҳҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Эй бародарони азизе, ки иғво меангезед, кӯр нестед охир ин давлатҳои ҷангзадароф боре аҳамият диҳед ва баъдан тафаккур намоед. Онҳо низ аз дасисаҳои чунин нохалафон истифода намуда, шаҳрҳои ободро ба харобазор табдил додаанд. Аз ин рӯ ҳоло ҳам вақт ҳаст аз ин дасисаҳое, ки меангезед даст кашед.Шумо манфиатҷӯёни разил чашмонатон кӯр шудааст, ки ин дастовардҳоро намебинед.Эй бародарон, дилам ба Шумо месӯзад, Шумо боз фирефтаи хоҷагони беруна гаштаед.
Чи хеле бузургон мегӯянд:
Як нуқта бас аст, агар шуур аст,
Варна чу чароғ пеши кӯр аст.
Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнаи Шумо сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел норохат намудааст, ки Шумо лоф мезанед аз адолат ва равшанфикрӣ,холо он ки худ дар ҷаҳолат ҳастед. Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони баъзе аз гуруҳҳо гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд ва шумо низ аз ҷумлаи онхоед,ки дар ҳавои сурудҳои дигарон мерақсед. Шумо ҳамон инсонҳое ҳастед, ки танҳо ва танҳо дар ҷустуҷӯи камбудиҳо мебошед, чашми худро каме во намоед, то ин ки дастовардҳо ба Шумо назаррас гардад.
Ва хоҳони он ҳам нестем, ки ҳар ватанфурӯше берун аз Ватан худро аз «шахсиятҳои шинохтаи тоҷик» муаррифӣ кунаду баҳри дастгирии ояндаи «рӯзгори пурсаодат»-и ин миллат берун аз марзи Тоҷикистон анҷумане бо номи «озодандешони тоҷик» ороста кунад ва дар хусуси тақдири ояндаи ин миллат дар анҷумане ҳарф занад. Зеро воқеан дуруст аст, ки ҳеҷ ғуломе наметавонад озодандеш бошад. Чи хеле бузургон гуфтаанд:
Ҳазорон корвон рафтанду дав-дав
Ҳанӯзам ин сагон доранд ав-ав
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, дигар ба он найрангҳои Шумо бовар накарда, шукрона аз ободии кишвар менамоем . Чунки ин ҳама комёбиҳо осон ба даст наомадааст.
Умеда Сафарова, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия