- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Чорабинии варзишии наврасон аз руи намуди Карате- Киёкушинкай.
Душ, 08/20/2018 - 18:27
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 августи соли равон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии тоза ба истифода додашудаи боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Шаҳритуз бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз аз руи намуди Карате-Киёкушинкай бо иштироки варзишгарони шаҳри Душанбе 1, Душанбе 2, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён ва Шаҳритуз байни наврасони аз 6-7 сола то 16-17 сола бо иштироки 50 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Дар мусобиқа варзишгарони ноҳия маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, аз миёни 5 дастаи шаҳру ноҳияиҳои зикргардида бо гирифтани 8 ҷои аввал, 10 ҷои дуввум ва 13 ҷои севвум сазовори ҷои аввал гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал ва ифтихорномаҳо мушарраф гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки имруз дастаи варзишгарони риштаи карате-киёкушинкай-и ноҳияи Шаҳритуз бо роҳбарии Пайрави Шоҳкор мураббии даста на танҳо дар ноҳия балки дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷ аз кишвар низ маҳорат нишон дода, 8 нафар чемпиони байналмиллалӣ, 15 нафар ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 30 нафар чемпиони вилоятӣ гардидаанд.
Фарангиси Амрохон сармутахассиси бахши кор
бо ҷавонон ва варзиши ноҳия