Main menu

Таҷлили Рузи Модар

         Санаи 6-уми марти соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз  бахшида ба Рӯзи  модар - 8 март чорабинии сиёсиву фарҳанги  доир гардид. Дар тантанаи идона  раиси ноҳияи Шаҳритуз муҳтарам Оймаҳмадзода Р. Алихон, намояндаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Шермуҳаммад, муовини раиси ноҳия  Раҷабзода Меҳринисо, инчунин мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва занони фаъоли касбу кори гуногун  ширкат варзиданд. 

       Чорабиниро сараввал раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон бо паёми  табрикотии худ оғоз намуда, иброз дошт, ки «Зан модар беҳтарину арзандатарин офаридаи Худованди муттаъол дар руи замин мебошад.  Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки:

         Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

         Дар зери қудуми модарон аст.

           Сипас намояндаи Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барормад намуда ҷиҳати бузургии  зан  модар  суханронӣ намуд. 

       IMG_2804.JPG Дар рафти чорабини  ба 23 нафар занони фаъоли касбу кори гунони ноҳия  ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Шаҳритуз супорида шуд. Инчунини 53 нафар занони фаъоли ноҳия бо  сипоснома, ифтихорнома ва нишонҳои сарисинагии  Вазоратҳои маориф ва илм, кишоварзӣ, тандурусти, фарҳанг, молия, Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон    сарфароз гардонида шуданд.

          Дар фарҷоми барнома  ҳунармандони  Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи  рангини ҳунарии худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.   

“Субҳи Шаҳритуз”

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз