Main menu

«Дави Наврӯзӣ» ва «Марафони велосипедронӣ»

         IMG_3139.JPG Дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2019» дар маркази ноҳия  бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия «Дави Наврӯзӣ» ва «Марафони велосипедронӣ»баргузор гардид.  Чорабинии мазкур дар  чорроҳаи назди идораи сӯхторнишонии ноҳия то саршавии чорроҳаи Маркази савдои «Ориён»  баргузор гардид. Дар «Дави Наврӯзӣ»120 нафар ва дар «Марафони велосипедронӣ»-100 нафар ҷавонони то синни 35 –сола  аз ҷамоати шаҳраки Шаҳритузу ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷ.Назаров, ба номи Т.Садриддинов, ба номи Х.Холматов ва «Обшорон», ки дар байнашон хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои мазкур низ буданд, фаъолона  ширкат варзидан..

 

       IMG_3158_0.JPGДар анҷом дар майдони Исмоили Сомонӣ муовини раиси ноҳия М.Раҷабзода  дар ҳузури ширкаткунандагони «Дави Наврӯзӣ» ва «Марафони велосипедронӣ»  суханронӣ намуда, сипас ғолибони чорабиниҳои варзишии наврӯзиро  бо туҳфаҳои хотиравӣ сарафроз гардонид.

         Дар бахши фарҳангии чорабинии мазкур ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи фарҳангӣ–фароғатӣ баромад карданд.

«Субҳи Шаҳритуз»

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз