- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Шаҳритуз
Шан, 03/23/2019 - 18:32
22 марти соли 2018 дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии ботантана баргузор гардид.
Намоиши идона баробари вуруди меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия бо садои карнаю сурнайи хонандагони мактаби бачагонаи санъати ноҳия ва пешкаши майсаи наврӯзӣ аз ҷониби ҷавондухтарон ва нидои «Наврӯз муборак!»и- онҳо оғоз гардид.
Баъди шуруи чорабинии идона духтаракону писаракони дӯстрӯ –тарбиягирандагони кӯдакистонҳою муассисаҳои таълимии ноҳия шеърҳои наврӯзӣ қироат намуданд. Сипас меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия аз намоишу дастовардҳои наврӯзии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз наздик дидан карданд. Барои онҳо намоиши рамзии наврӯзӣ-ҳафт син ва ҳафт шин, пухтани суманак, дастурхони идонаи ташкилоту муассисаҳо,ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, инчунин юртаи бо ҷиҳози идона оро додаи сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаобод, либосҳои анъанавии арӯсию домодӣ, намоиши гӯшаи табиати зинда-гулу гулбутаҳо, парандагон, намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ, пухтупази таомҳои миллӣ:оши палав, далда, оши бурида ва намоиши ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия хотирмону диққатҷалбкунанда буд.
Яке аз лаҳзаҳои муассири танатанаи наврӯзӣ баргузории базми арӯсию домодии 6 ҷуфт ҷавонон аз 6 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба ҳисоб рафта, дар он лаҳзаҳои сурурбахш бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону масъулони ҷамоатҳо, САҲШ-и ноҳия ба ҳамаи 6 ҷуфти хушиқболи арӯсиву домодӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон Алихон ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Исмонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Д. Исозода иштирокчиёни тантанаи наврӯзӣ ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ноҳияи Шаҳритузро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию болидаруҳӣ, рӯзгори неку фазои беғубор, бахту иқболи баланд орзу намуданд.
Дар охир бо ширкати фаъолонаи ҳунармандони ноҳия намоиши театрикунонидашудаи басо ҷолибу хотирмон пешкаш гардид. Иштироку ҳунарнамоии сарояндаи маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷашнвора шукуҳи тоза бахшид.
«Субҳи Шаҳритуз»