Main menu

Иттилоъ оиди Иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум)

        27-уми марти  соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 18-уми   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) доир гардид.  Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Р.Оймаҳмадзода  ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки аз 40 нафар вакилони халқи ноҳия 3 нафарашон бо сабабҳои узрнок ҳузур надоранд.  Инчунин зикр гардид, ки дар кори иҷлосия муовинону раиси Дастгоҳи ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомони намозҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи ноҳия, масъулони ҳифзи ҳуқуқ,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  низ даъват шудаанд.

          Сипас  вакилон котиботи иҷлосияро дар ҳайати Р.Абдурасулов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №28)-раиси котибот, С.Тӯйчиева (вакил аз ҳавзаи интихоботии №3), С.Алиқулова (вакил аз ҳавзаи интихоботии №36)-аъзои ҳайати  котибот интихоб намуданд.

            Дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз (даъвати панҷум) масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

             Рўзномаи иҷлосия

         1.Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 октябри соли 2011, № 270 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар ноҳия

           2. Масъалаҳои ҷорӣ         

           Оиди масъалаи аввали дар рўзномаи иҷлосия дарҷ гардида ҳисоботи  директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи фаръии “Пиллаи Шаҳритуз” А.Қурбонов  шунида шуд.

          Дар робита бо масъалаҳои ҷорӣ нахуст, вакил аз ҳавзаи интихоботии №8, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз “Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ” Г.Қурбонова баромад кард. Сипас вакил аз ҳавзаи интихоботии №6, Ҳ.Шаропов оид ба фаъолияти худ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз ҳисобот ироа намуд.

           Вакилони халқи ноҳия вобаста ба қисмати сеюми Масъалаҳои ҷорӣ қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз оид ба масъалаи кадрҳо ва ҷудо намудани маблағҳоеро, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 қабул гардидаанд,  якдилона тасдиқ намуданд.

        Зимни баррасии   ҳисоботу баромадҳои   тибқи рӯзномаи   иҷлосия тасдиқ шуда, иддае аз иштирокчиёни иҷлосия нуқтаи назари хешро баён намуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

           Сипас вакилон доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

       IMG_4091.JPGДар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ш.Маҳмадализода   иштирок ва суханронӣ намуда, дар баробари суолу пурсишҳо аз баромадкунандагон, инчунин  иддае аз вакилону шахсони масъул таваҷҷуҳи онҳоро ба  бартараф кардани камбудию  норасоиҳои дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ҷой дошта ҷалб намуда, барояи беҳбуди фаъолият ба эшон  дастуру супоришҳои қатъӣ ироа кард.                                           

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз