- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Нишасти матбуотӣ
Ҷум, 08/02/2019 - 10:46
Рӯзи 31 июл дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз нишасти матбуотии кормандони Васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ бо раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия ташрифи рӯзноманигоронро ба ноҳияи бостонии Шаҳритуз хайра мақдам гуфта, “Оиди натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо дар семоҳаи сеюми соли 2019” ба таври фишурда маълумот ироа намуда, сипас ба саволҳи сершумори кормандони ВАО-и посух дод.
Дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон –намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз он ҷумла рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”,,Хатлон”, “Дӯстлик”, “Азия плюс”, “СССР” ва ғайра, инчунин шабакаҳои телевизионию радиоии мамлакат- журналистони радиои “Тоҷикистон”, радиову тедевизони Хатлон оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва проблемаю камбудиҳои дар соҳаҳои мазкур ҷойдошта, инчунин рафти омодагии ноҳия ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу дархостҳо пешниҳод карда шуд. Раиси ноҳия ба саволҳо посухҳои мушаххас ироа карданд.
Зимни нишасти матбуотӣ корманди муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон Далер Шарипов фитаеро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз тақдим намуда, иброз дошт, ки навори видеоии дар фитаи мазкур сабт шуда, аз дастовардҳои намоёни меҳнатие ҳикоят мекунад, ки заҳматкашони меҳанпарасти ноҳияи Кӯшониён дар якчанд соли охир таҳти роҳбарии оқилонаи собиқ раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба даст овардаанду ҳаққонӣ аз онҳо ифтихор менамоянд. Ба андешаи мавсуф ошноӣ бо муҳтавои фитаи мазкур ба масъулони ноҳияи Шаҳритуз ибратбахш буда, баҳри вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Дар интиҳо мудири шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миров нишасти матбуотиро ҳусни анҷом бахшида, ба роҳбарияти ноҳия барои ташкилу дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, ба ҳамагон барору комёбиҳо орзу кард.