Main menu

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест, Муҳаммадҷони Нурӣ фарзанди С.А.Нурӣ нест:

Ҳизби наҳзат як тарафи сулҳ нест,
Муҳаммадҷони Нурӣ фарзанди С.А.Нурӣ нест:
ду хулоса аз як мусоҳиба

Устоди адабу хирад, падари адабиёти ҷовидонаи мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боби мансубияти падару фарзанд чунин фармуда буд:

Оҳ, дареғо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не.
Гарчӣ хирад дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Вақте мусоҳибаи фарзанди собиқ Раиси Комиссияи оштии миллӣ ва собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ марҳум С.А.Нурӣ - Муҳаммадҷони Нуриро дар сомонаи беадаби «Ислоҳ» аз 9-уми августи соли 2019 хондам, беихтиёр ин мисраъҳои дилгудоз пеши назар омаданд. Зеро ин мусоҳиба на танҳо инкори фикру андешаи марҳум С.А.Нурӣ, балки инкори сатҳу дараҷаи шахсияти ӯ аз ҷониби фарзандаш буд. Саропои ин мусоҳиба мухолиф бо андешаю сиришти падар, мухолиф бо роҳи паймудаи падар, мухолиф бо мероси падар аст, ки шоистаи ҳеҷ фарзанди солеҳе нест…
Чун мусоҳиба тӯлонист, мехостам фақат ба ду-се нуктаи он ишора кунам, ки бисёр ноҷо ва носазо афтодааст:
Аввал, ки Муҳаммадҷони Нурӣ дар мусоҳиба дар бораи орзую мақсади падараш суҳбат карда, борҳо таъкид дорад, ки орзуи ягонаи падараш барқарории сулҳу амният ва суботу оромӣ дар Тоҷикистон будааст. Ӯ таъкид мекунад, ки падараш ягон мансаб намехостааст, молу дунё намехостааст, аз вакилию вазирӣ даст кашида будааст, фақат сулҳ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро мехостааст…
Агар ин суханон ҳақиқат дошта бошанд, пас чаро фарзанди калонии С.А.Нурӣ имрӯз бо ҳамон ормонҳои падар душманӣ дорад? Пас чаро ӯ аз сулҳу суботи Тоҷикистон ва аз сарҷамъии мардуми он хушҳол нест? Агар ӯ фарзанди Нурии сулҳдӯсту ваҳдатхоҳ бошад, чаро дар сафи чанд душмани сулҳу ваҳдат ҷой гирифтааст? Агар ӯ фарзанди Нурии аз мансабу қудрат дасткашида бошад, пас чаро дар сафи мансабталошону қудратхоҳони ашаддӣ сангар гирифтааст? Агар ӯ фарзанди Нурии парҳезгор аз дунё бошад, пас чаро дар паҳлӯи тоҷири ҳариси ватанфурӯше чун М.Кабири ҷой гирифтааст? Дар канори тоҷире, ки мактаб ва мероси Нуриро фурӯхт, ба тиҷорати шахсӣ ва манбаи даромади худ табдил кард? Ин саволҳо бисёр муҳимманд? Магар ин гуна мавқеъгирӣ хоси фарзандони нохалаф нест?
Нуктаи дигаре, ки Муҳаммад Нурӣ дар мусоҳибаи худ нақл мекунад, дӯстии наздики падараш бо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дӯстии ин ду шахсият дар раванди сулҳсозӣ ба як бародарии воқеии тоҷикӣ табдил шуда буд, ки он фаротар аз сиёсат аст. Вақте Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи С.А.Нурӣ барои аёдат мерафт, дар он ҷо сиёсат набуд, балки дӯстӣ ва бародарӣ ва эҳсосоти баланди ҷавонмардию инсонӣ буд. Хушбахтона, навори он дидорбинии Пешвои миллат дар хонаи С.А.Нурӣ дар интернет дастрас аст ва ҳар кас метавонад самимияти рафтору гуфторро дар он бо чашми худ бинад. Тавре худи М.Нурӣ маълумот медиҳад, Ҷаноби Олӣ ҳамчун дӯст дастур доданд, ки вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Олмон тамоми ташрифот ва хароҷоти табобати С.А.Нуриро ба дӯш бигирад. Ин як иқдоми комилан инсондӯстона ва бародарона буд.
Аммо Муҳаммад Нурӣ бар хилофи оини ҷавонмардӣ, ин дӯстии поку бародаронаи тоҷикиро тобиши сиёсӣ дода, ба самимияти он иснод меоварад. Ӯ бешармона изҳор медорад, ки гӯё дар давраи бемории С.А.Нурӣ роҳбарияти кишвар ба маҳбубияти ӯ рашк мекардаасту фақат «маҳбубияту эҳтироми фарогири қишрҳои гуногун боис гардид, ки роҳбарони аввали кишвар низ ба дидорбинии эшон биоянд» (?!). Илова бар ин, ӯ ба худ иҷозат медиҳад, ки бо киноя ва суханони таҳқиромез нисбати роҳбарияти давлат суҳбат кунад. Ин амали М.Нурӣ ҳам номардӣ ва ҳам ноодамист. Дар фарҳанги тоҷикии мо дӯстони падар аз ҷумлаи муқаддасот барои фарзандон ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, аз тарафи фарзанди С.А.Нурӣ садо додани чунин суханони ноҷавонмардона нисбати роҳбарияти давлат нохалафии маҳз аст, пеш аз ҳама нисбат ба падари худ.
Агар ин ҷавони камхирад як бор ба сухану андешаҳои падари худаш нисбат ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон рӯй меовард, ҳаргиз чунин суханонро намегуфт. Агар шумо фаромӯш карда бошед, ҳама ёд доранд, ки соли 2007, ҳангоми ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт марҳум С.А.Нурӣ бо вуҷуди бемориаш дар он иштирок намуда, дар ҳоле, ки ҳатто мадори рост истода сухан гуфтан надошт, дар ҳузури тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла чунин дуо карда буд: «Худоё, ман намедонам, ки аз умри ман чӣ қадар боқӣ мондааст. Аммо дуо мекунам, ки Худоё, ҳар қадаре, ки аз умри банда боқӣ монда бошад, онро бигиру ба умри ин ҷавонмард, ба умри Эмомалӣ Раҳмон зам кун, зеро давлат ва миллати ман ба ӯ ниёз дорад, зеро ӯ Тоҷикистонро наҷот дод ва ӯ метавонад онро пеш барад…». Ҳеҷ фаромӯш намешавад, ки он лаҳза аз ин сатҳи самимият ва ин сатҳи ваҳдати ин ду шахсияти кишвар ҳамагон беихтиёр ашк мерехтанд. Агар шумо сиёсатзада шудаву ҳатто ба падари худ бовар надошта бошед, мо боварӣ дорем, ки ин сухани С.А.Нурӣ бисёр самимӣ буд, ӯ бисёр дақиқ дарк мекард, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон чи қадар муҳим ва тақдирсоз аст… Бинобар ин, хоҳиш мекардем, ки барои манфиати андак падари худро, рӯҳи падари худро поймол накунед… Шакке нест, ки агар марҳум С.А.Нурӣ дар қайди ҳаёт мебуд, аввалин касе мебуд, ки ин мавқеи зиддимиллии М.Кабирӣ ва ин рафтори беадабонаю ноҷавонмардонаи фарзанди нохалафашро шадидан маҳкум ва нафрин мекард.
Чунин мавқеи носипосу бехирадонаи Муҳаммад Нурӣ нисбати роҳбарияти кишвар дар ҳолест, ки бо вуҷуди пеш омадани ҷиноятҳои зиддимиллӣ аз тарафи наҳзатиён, роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба эҳтироми он дӯстии мардона, ба хотири он сулҳу оштӣ, дастур додаанд, ки касе ба фарзандон ва хонаводаи С.А.Нурӣ дар Тоҷикистон кордор нашавад. М.Нурӣ нағз медонад, ки имрӯз фарзандони С.А.Нурӣ ва хешу табораш дар Тоҷикистон осуда зиндагӣ карда, писарони ӯ озодона ба тиҷоратҳои калон машғуланд. Дар чанд соли охир, хусусан пас аз соли 2015, тиҷорати фарзандони ӯ чанд баробар васеътар шудааст, бунёди чанд иншооти баландошёнаро ба анҷом расонидаанд, қасрҳои худашонро аз нав рангу таъмир кардаанд, ки ҳар раҳгузари одӣ инро мебинад. Чи қадар ҳайф аст, ки М.Нурӣ бо беадабии худ бо ин саҳифаи пок сиёҳӣ мепошад. Мо боварӣ дорем, ки дар доираи худи хонавода ва наздикони марҳум С.А.Нурӣ низ ин мавқеи номардона ҳатман маҳкум мешавад. Зеро ин мавқеи М.Нурӣ на танҳо барои худаш, балки барои ин оилаи барӯманди кишвар низ як хиҷолат ва нанг аст…
Баръакс, оини ҷавонмардӣ ин мебуд, ки имрӯз М.Нурӣ дар канори Роҳбари давлат қарор гирифта, аз муҳимтарин корномаи падараш, аз сулҳу субот ва оштию сарҷамъии мардум дифоъ мекард, дар ободонии кишвар саҳм мегузошт…
Масъалаи сеюме, ки Муҳаммадҷони Нурӣ бе ягон салоҳият ба он дахолат кардааст, «ҷониби сулҳи тоҷикон» будан ё набудани Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ин ҷавони навпо изҳор доштааст, ки гӯё давлат сулҳро маҳз бо ҳизби наҳзат ба имзо расонидаасту ТЭТ ҲНИ як ҷониби сулҳи тоҷикон будааст. Ва гӯё ин ҳақиқатро «ҳатто кӯдаки гаҳвора медонад». Аммо афсӯс, ки ин кӯдаки гаҳвораи сиёсат аз ҳақиқати сулҳи тоҷикон ҳеҷ хабаре надошта, чунин иддаои бешармонаро такрор мекунад. Албатта ӯ наметавонист аз ин раванд огоҳ бошад, зеро дар солҳои гуфтугӯҳои сулҳ ӯ дар кунҷи мадрасаҳои динии Қум дарсҳои охундӣ мехонд…
Чун гӯё «яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон» будани Ҳизби наҳзатро наҳзатиёни имрӯза ҳамеша таъкид мекунанд, мехостам ҳамчун шахси бевосита хабардор аз ҷузъиёти ин масъала, дар ин бора каме шарҳ диҳам. Агар тамоми ҳуҷҷатҳои сулҳи тоҷиконро варақ занем, дар ҳеҷ ҷои онҳо ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҷониби сулҳ қайд нашудааст ва дар ҳеҷ ҷойи онҳо ин ҳизб ҳамчун ҷониби сулҳ имзо нагузоштааст. Тарафҳои сулҳи тоҷикон давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) мебошанд, ки он вақт эътилофи нерӯҳои мухолиф бо давлатро дар бар мегирифт. Дар тамоми ҳуҷҷатҳои сулҳ дар канори ҷониби давлат маҳз имзои намоянда ва ё роҳбарони ИНОТ истодааст, на намоянда ё роҳбари ҳизби наҳзат.
Агар масъаларо боз ҳам васеътар кушоем, дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва дар марҳилаи имзои ҳуҷҷатҳои сулҳ ТЭТ Ҳизби наҳзат ҳатто иштирок надошт. Зеро моҳи феврали соли 1993 дар ҷаласаи умумии роҳбарони мухолифини исломии тоҷик, ки дар шаҳри Тахори кишвари Афғонистон баргузор шуда буд, бо қарори роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҳизби сиёсӣ расман пароканда эълон карда шуда, ин қарор шахсан аз тарафи С.А.Нурӣ қироат шуда буд. Он вақт барои ба роҳ мондани муборизаи васеъ бо давлати Тоҷикистон ташкилоти тамоман нав - «Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон» таъсис гашт. Ин ҳаракат доираҳое чун домуллоҳои анъанавӣ, аҳли тасаввуф, эшонҳою муллоҳои ғайриҳизбӣ, намояндагони қозиёти Тоҷикистон, наҳзатиёни собиқ, баъзе шахсияту зиёиёни муҳоҷир, қумандонҳои саҳроӣ ва ғайраро дар бар гирифта буд. Барои гирифтани маълумоти таърихӣ дар ин масъала боре ба китобҳои худи роҳбарони ҳизби наҳзат чун С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, хусусан, китобҳои ТЭТ ҲНИ бо номҳои «30-солагии ҲНИТ» ва «40-солагии ҲНИТ» нигаред. Дар онҳо худи роҳбарони ҳизб борҳо таъкид кардаанд, ки соли 1993 «ба хотири ба сафи мубориза шомил шудани доираҳои дигари динӣ» роҳбарияти ҲНИТ ҳизбро расман пароканда намуда, ба ҷойи он нерӯи фарогир - Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкил карда буданд.
Дар қадами баъдӣ, маҳз «Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо ҳизбҳои ғайриисломӣ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, яъне ИНОТ-ро ташкил доданд. Яъне, дар таркиби ИНОТ низ ягон вақт ТЭТ Ҳизби наҳзат аъзо набуд. С.А.Нурӣ маҳз ҳамчун намояндаи Ҳаракати исломии Тоҷикистон роҳбари ИНОТ интихоб шуда буд ва дар музокироти сулҳ ҳамчун роҳбари ин иттиҳод иштирок менамуд. Шояд имрӯз шумо ин ҳолатро тактика ё стратегияи ҲНИ номед, аммо воқеият ва ҳақиқати таърихӣ маҳз ҳамин аст, ки ҳизби наҳзат на узви ИНОТ буд, на дар музокироти сулҳ иштирок кардааст ва на ягон санади сулҳро имзо кардааст.
Бинобар ин, таъкид ба ин нукта бешармӣ нест, балки надонистани ин ҳақиқати таърихӣ бешармист. Хусусан, барои касоне, ки худро вориси ин мактаб меноманд.
Ягона мавриде, ки дар санадҳои сулҳ ба Ҳизби наҳзати исломӣ ишора мешавад, протоколи масъалаҳои сиёсӣ аст, ки он аз нав иҷозат додан ба ҳизбу ташкилотҳои манъшуда дар соли 1992, аз ҷумла ҲНИТ-ро пешбинӣ мекард.
Аз назари ҳуқуқӣ низ ҲНИ дар солҳои раванди сулҳ умуман вуҷуди ҳуқуқӣ надошт. Зеро фаъолияти он аз охири соли 1992 то сентябри соли 1999 аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон расман манъ шуда, ҳизб барҳам дода шуда буд. Танҳо пас аз сентябри соли 1999 ҲНИ дубора ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ арзи ҳастӣ кард.
Аз тарафи дигар, агар ҳамин мантиқи Муҳаммад Нуриро пайгирӣ намоем, пас имрӯз Паймони миллии Тоҷикистон низ ҳамон ТЭТ ҲНИ аст, зеро ҲНИ яке аз аъзои он аст. Пас, чаро ПМТ ҳамчун ташкилоти мустақили дигар муаррифӣ мешавад, агар он ҳамон ТЭТ ҲНИ бошад?
Илова бар ин, агар ин мантиқи ноқисро асос гирем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамзамон раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастанд. Пас, оё ба назари М.Нурӣ ИНОТ на бо давлат, балки бо ҲХДТ сулҳ имзо кардааст?
Ниҳоят, агар ҲНИ «як ҷониби сулҳ» бошад, пас чаро бо набудани ин ҳизб дар Тоҷикистон чизе тағйир наёфта, сулҳу субот ҳамчунон побарҷост? Чаро аъзои дигари ИНОТ дар кишвар озодона кору фаъолият доранд ва аз рафтани чанд нафари шумо касеро парво нест ва оштии миллӣ бо тамомияти худ идома дорад?
Бинобар ин, бе ягон шубҳа, ду ҷониби сулҳи тоҷикон давлат ва ИНОТ буданд, ки сохтори ҳар яке аз онҳо маълум ва мушаххас аст.
Умуман, дар бораи фаъолият ва афкори М.Нурӣ, ки пас аз соли 2015 дар ҶИ Эрон ва кишварҳои аврупоӣ анҷом шудааст, ҷомеаи мо иттилооти зиёдеро дар даст дорад. Аммо сукути ӯро дар ин солҳо мо нишонаи хираду адаб пиндошта, гоҳо аз ӯ ба некӣ ёд меовардем. Аммо сад афсӯс, ки наҳзатиёни иғвогар тавонистанд дар ниҳоят ӯро низ ба бозӣ дароранд, ӯро ҳамчун қартаи охирин истифода баранд. М.Кабирӣ, ки дигар ягон ҳайсият ва обурӯ надорад, чанд сол боз нақша дошт, ки М.Нурии саргардону калавандаро бо ягон роҳе ба доираи худ кашад ва аз номи ӯ истифода намояд. Дар ниҳоят, он чизеро, ки Кабирӣ мехост, аз забони М.Нурӣ садо дод.
Чунин беадабӣ ва рафтори ношоистаи М.Нурӣ метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад. Шояд зиндагии мураффаҳ дар меҳмонхонаҳои Аврупо ва вобастагӣ ба таъминоти молии хоҷагон ӯро ба ин қадами бехирадона водор намуд? Ё шояд асир будани зану фарзанд ва модару хоҳаронаш, умуман 29 нафар аҳли оилаашон дар Эрон омили ин мавқеъгирии ӯ бошад? Зеро фарзандони С.А.Нурӣ ба атрофиён шикоят кардаанд, ки мақомоти Эрон бо ҳар баҳона шиноснома ва ҳуҷҷатҳои модарон ва аҳли оилаи онҳоро намедиҳанд, то онҳо ба ягон кишвари дигар сафар кунанд. Аммо сабаб ҳар чӣ бошад, як чиз аниқ аст, ки ин тифли навпойи сиёсат ба ин осонӣ ба бозӣ дароварда шуд.
Хулоса, бо хондани мусоҳибаи фарзанди калони марҳум С.А.Нурӣ - Муҳаммадҷони Нурӣ беихтиёр ин савол ба зеҳн омад, ки куҷост он сатҳу самимияти Нурӣ, куҷост одитарин хислатҳои инсонию мардонагӣ… Ҷавоби ягона ба ин савол ҳамин буд, ки яқинан ин фарзанд фарзанди он падар нест, ин фарзанд ба ҷуз номи хонаводагӣ аз ӯ чизе ба мерос набурдааст… Оре, ҳарду Нуриянд, аммо ин куҷою он куҷо…

Саидхоҷа Акбаров,
собиқадори раванди оштии миллӣ,
узви зергурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ
оид ба шомил намудани нерӯҳои мухолифин
ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ҶТ

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз