- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Азми пахтакорони хоҷагии деҳқонии «Темирбобо»
Шан, 08/31/2019 - 07:28
Шамсихол Султонова соли панҷум аст, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Темирбобо»-ро ба уҳда дошта, бо меҳнати ҳалолу принсипнокӣ ва роҳбарии уҳдабароёнаю муваффақонааш дар ноҳия ном бароварда, ба эҳтироми ҳамагон сазовор гардидааст. Майдони пахтаи хоҷагии деҳқонии «Темирбобо» аз 14 гектар иборат буда, аҳли хоҷагӣ рӯзи 12 август дар ноҳия ва ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба ғунучини ҳосили дастранҷи хеш шуруъ намуданд. Дар оғози мавсими пави пахтачинӣ раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, муовини сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур, роҳбарону масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, инчунин меҳмонон аз вилоят бо кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Темирбобо» вохӯрда, онҳоро бо оғози ғунучини ҳосили «тиллои сафед» табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Алҳол саҳмдорони фаъоли хоҷагии мазкур Мамадқул Мамадқулов, Раҳмат Бердиев, Зебӣ Алиева, Роҳатбӣ Мамадқулова, Тӯйчӣ Мамадқулов, Диловар Мамадқулов дар чидани пахтаи хоҷагӣ пешсаф буда, ҷидду ҷаҳди хешро ба он равона карда истодаанд, ки ҳосили заҳматашонро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, иҷрои нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед»-и хоҷагиашонро пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 23 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд.
Аъзои хоҷагии деҳқонии «Темирбобо» ҳамзамон аз як гектар пиёз ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, пас аз ғунучини пиёз дар майдони мазкур тухми сабзӣ кишт намудаву нигоҳубини онро низ мутобиқи қоидаҳои агротехникӣ роҳандозӣ намудаанд.
«Субҳи Шаҳритуз»