- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Саломатии миллат –боигарии давлат
Шан, 08/31/2019 - 07:40
Рӯзи 18 август дар Қасри фарҳанги маркази ноҳия бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муассиссаҳо, роҳбарияти беморхонаи марказӣ, КАТС, МНДСЭ, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва марказҳои тиббии дар ноҳия фаъолият дошта, иди касбии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ бо шукуҳ таҷлил гардид. Қабл аз чорабинии идона иштирокчиёни ҳамоиш бо навгониҳою таҷҳизоти муосири тиббии ба намоиш гузоштаи кормандони тибби ноҳия шинос шуданд.
Дар ҷамъомади ботантана бахшида ба иди касбии ворисони Сино муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода бо Паёми шодбошӣ баромад карда, ҳамаи кормандони тибби ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия самимона табрику таҳният гуфта, дар кори бошарафу заҳматталаби пешакардаашон ба манфиати беҳбуду тансиҳатии аҳолӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбиҳо орзу намуд.
Сипас муовини раиси ноҳия дар асоси Амри раиси ноҳияи Шаҳритуз №201 аз 17 августи соли 2019 як зумра кормандону масъулони соҳаи тибби ноҳия аз ҷумла Карим Қурбонназаров, Барно Бобомуродова, Баҳри Раҳматова, Абдухолиқ Чориев, Ҳусноро Бобоева, Тамара Ҷӯраева, Далер Имодовро барои хизмати софдилонаю кори пурсаҳсулашон дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва иштироки фаъолонаашон дар корҳои ҷамъиятии ноҳия бо Ифтихорномаю Сипосномаи раиси ноҳияи Шаҳритуз сарфароз гардонид. Ҳамзамон муовини раиси ноҳия ба фаъолони соҳаи тибби ноҳия аз қабили Абдусамад Содиқов,Эркин Дӯстматов, Зебо Мавлонова, Муҳаббат Абдураҳмонова, Хосият Ҷумъаева, Малика Худойбердиева, Юлдош Бегматов, Шаҳло Юсупова, Гулнисо Холматова, Мамадёқуб Иззатов, Барно Баротова, Норқузӣ Ибрагимов Ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳия, КАТС, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар вазъияти ботантана супорид
Дар охир кормандони Қасри фарҳанги ноҳия ба савту сурудҳои дилнишин баромад намуда, табъу хотири иштирокчиёни тантанаро болида гардониданд.
«Субҳи Шаҳритуз»