Пан, 02/07/2019 - 20:26
Мусоҳибаи Давлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳои норавшани раҳбарияти наҳзат ва даст доштани Кабирӣ дар табаддулоти даруниҳизбӣ равшанӣ меандозад. Агар ин кор собит шавад, шакке нест, ки собит мешавад, Кабирӣ на танҳо дар табаддулот, балки дар куштори С.А.Нурӣ низ даст дорад.
Пан, 02/07/2019 - 20:19
Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд.
Пан, 02/07/2019 - 20:12
Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд. Дар оғози асри гузашта, аз ҷумла даҳсолаи дуюм бо дастгирии амир «Иброҳимбек қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод».
Пан, 02/07/2019 - 20:06
Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.
Пан, 02/07/2019 - 19:58
Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳо, рафтору кирдори онҳоро ситоиш кардан, бо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гашт. Дар байни аҳли илм низ ин масъала баҳсбарангез буда, гуруҳе онҳоро хоинону душмани халқ ва гуруҳи дигар баръакс ватанпарасту қаҳрамон медонанд. Ҳол он аст, ки барои комилан ҷавоби саҳеҳ гардонидан ба ин масъала таҳлил ва тадқиқи садҳо ҳуҷҷату санадҳои ҳарду дидгоҳ лозим аст.
Пан, 02/07/2019 - 19:46
Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.
Pages
|