Шан, 09/19/2020 - 08:02
Мо як гуруҳ ҷавонони ноҳияи Шаҳритус аз он ифтихору сарафрозӣ менамоем, ки дар як мамлакати озоду обод ва пайваста рушдкунанда кору таҳсилу зиндагӣ карда истода, аз мушоҳидаи корҳои ободгароёнаву бунёдкорона дар саросари кишвар хушҳол шуда, мо низ ба қадри имкон кўшиш менамоем, бо таҳсилу меҳнати арзандаи хеш баҳри ободии диёри биҳиштосоямон ҳиссагузорӣ намоем.
Ҷум, 09/18/2020 - 15:47
Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам. Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳам мисли Кабирӣ хиёнаткоред.
Ҷум, 09/18/2020 - 10:34
https://www.youtube.com/watch?v=lSy-ckWARus
Дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизби собиқ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро мунсифона тасвир намоянд.
Пан, 09/17/2020 - 22:00
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар толори китобхонаи ба номи «Тошхӯҷа Асирӣ»-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд бахшида ба муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи президентӣ, дастгирии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ анҷуман доир намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Душ, 09/14/2020 - 17:19
Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанȳз дар иҷлосияи 16-уми Шȳрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ, ȳ ба қатъият изҳор намуда буд: «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила, барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям».
Pages
|