Main menu

Кишти такрорӣ

           Кишоварзони ноҳия бо мақсади оқилонаю самаранок истифода бурдани обу замин, ба даст оварани на камтар  аз ду ҳосил аз як замин аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода  бурда, дар ҳамаи майдонҳои  дар ихтиёр доштаашон кишти такрории зироатҳоро  таъмин намуданд.  Тибқи маълумоти ироа кардаи Раёсати кишоварзии ноҳия   дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 4545 гектар буда, иҷрои он 4875 гектар таъмин карда шудааст, ки аз он 2199 гектараш дар бахши аҳолӣ ва 2676 гектар дар бахши ҷамоавӣ мебошад.

          Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1391 гектар ғалладонагиҳо, аз он ҷумла, ҷуворимакка барои дон 524 гектар, шолӣ 600 гектар, мош 165 гектар, дигар лубиёгиҳо 102 гектар, сабзавот ҳамагӣ 170 гектар, аз он сабзӣ 68 гектар, помидор 36 гектар, бодиринг 33 гектар, дигар сабзавот 33 гектар, полезиҳо 269 гектар, зироатҳои техникӣ ҳамагӣ 146 гектар ва ҷуворимакка барои силос 700 гектар кишт карда шудааст.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз