- Асосӣ
- Раиси ноҳия
- Мақомоти иҷроия
- Мақомоти намояндагӣ
- Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
- Қонунҳо
- КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
- ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хизмати давлатӣ
- Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ
- Қарорҳои раиси ноҳия
- Қонунҳо
- Муроҷиати шаҳрвандон
- STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan
- Дастгоҳи раиси ноҳия
- Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод
- ПОЙТАХТИ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТ
Нишасти матбуотӣ
Сеш, 08/07/2018 - 10:51
3-юми августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз нишасти матбуотии раиси ноҳия бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовинҳои раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, масъулони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Р.Оймаҳмадзода намояндагони расонаҳои хабариро хайра мақдам гуфта, онҳоро тариқи ҳисоботи хаттӣ дар бораи вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи соли 2018 ошно намуд.
Сипас раиси ноҳия ва як идда роҳбарони такилоту муассисаҳои ноҳия ба саволҳои сершумори намояндагони маҷаллаю рӯзномаҳои «Садои мардум», «Бонувони Тоҷикистон» , «Азия Плюс», «Ваҳдат», «СССР», «Халқ овози», «Дӯстлик», инчунин , шабакаҳои радиоиву телевизионии «Радиои Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо»,«Хатлон», «Синамо», «Озодӣ» ва ғайра посухҳои мушаххас ироаи карданд.
Таъмиру навсозии яке аз биноҳои аз фаъолият бозмондаи Сохтори госпиталии ноҳия, парваришу истеҳсоли пилла дар ноҳия ва сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи солонаи истеҳсоли пилла дар ноҳия, рафти омодагӣ барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ноҳия, СЭС ва самтҳои фаъолияти он, кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, чораандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тақсимоти қисми даромади хароҷоти маблағҳои буҷавии ноҳия, таъмини мактаббачагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ, вазъи муносибату ҳамкориҳо бо шаҳру ноҳияҳои сарҳадии вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, афзудани миқдори бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои коҳиш додани онҳо номгӯйи нопурраи масъалаҳое мебошанд, ки дар нишасти матбуотӣ мавриди таваҷҷуҳи рӯзноманигорон қарор гирифтанд.