Main menu

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»

          Рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангию фароғатии ноҳия  раиси ноҳия Р. Оймаҳмадзода баромад карда,  аҳли ҷомеа ва бахусус иштирокчиёни  мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи  хурдро самимона табрику таҳният гуфта,  барои ба даст овардани  «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»  ба ҳамаашон барору комёбӣ орзу кард.

            Дар суҳбат бо хабарнигори  «Субҳи Шаҳритуз» директори мактаби варзишии ноҳия Ҷамшед Ғуломов иброз дошт, ки дар ноҳия аз 6 август то 17 август байни ташкилоту муассисаҳои ноҳия  мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи  хурд барои ба даст овардани  «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»  баргузор мегардад.

          Тибқи қуръапартоӣ дар гуруҳи «А» дастаҳои футболи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохтори госпитали ноҳия ва КАТС, ШВКД дар ноҳия, Бозори марказӣ, дар гуруҳи «Б»дастаҳои шуъбаи маорифи ноҳия, Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарти ноҳия, филиали бонки Амонатгузории №49, Ташкилоти ҷамъиятии МД, дар гуруҳи «В» Раёсати кишоварзию нозироти андоз, ҶДММ «Пайванд» , раёсати молия ва агентии омори ноҳия, мактаби варзишӣ, дар гуруҳи  «Г» Прокуратура ва суди ноҳия, бонки Эсхата, бахши фарҳанги ноҳия ва қисми низомии № 0305  шомил гардидаю бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.  

           Рӯзҳои 13, 15 август байни гуруҳҳои мазкур бозиҳои чорякфиналу ниманиҳоӣ доир шуда, 17 август мусобиқа аз намуди «Футболи хурд» ҷамъбаст ва  ғолибон эълону   бо туҳфаҳою «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»      сарфароз гардонида мешаванд.

          Дар расм лаҳзае аз қувваозмоии  дастаҳои футболи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо  сохтори госпитали ноҳия ва КАТС дар боғи марказии фарҳанги   ноҳия

IMG_6563.JPGIMG_6614.JPGIMG_6588_0.JPG

Миёна: 3 (1 овоз)
 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз