Ҷум, 05/01/2020 - 10:36
Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем. Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу буҳтон ва иғвогариҳоро надорем. Аз он ҳама фаъолиятҳои иғвоангезонаатон тайи як моҳи охир бармеояд, ки шумо ва ҳамсафонатон дар Аврупо нишаста, чунин хулоса кардаед, ки мардум гулу гумроҳ аст ва ҳар чи хоҳед анҷом медиҳед.
Ҷум, 05/01/2020 - 10:28
Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем.
Ҷум, 05/01/2020 - 10:13
Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд.
Pages
|