Шан, 11/09/2019 - 10:06
6 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ 25-солагии солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид. Сокинони кишвар ин ҷашни муборакро бо камоли хушнудӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ қайд намуданд. Мутаассифона дар он лаҳаҳои ҷашнӣ аз шунидани хабари гуруҳи ҳамлагарон ба қисми сарҳадии №4 бо номи «Ишқобод» ва куштори як нафар сарҳадбон ва як корманди милиса дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҳама сокинони кишвар ғамгину ғазабнок шуда, нисбати ҳамлагарон нафрату эътитози худро ошкоро баён намуданд.
Чор, 11/06/2019 - 15:20
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфидератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.
Чор, 11/06/2019 - 15:18
Дар арафаи ҷашни 25-солагии солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаи тарафайни шуъбаи маорифи ноҳия ва ташкилоти байналмилалии «Международное Добрососедство» дар назди МТМУ-и №53-и деҳаи «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов 4 синфхона ба маблағи 350000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Чор, 11/06/2019 - 15:15
Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардида, дар ҳамоиши мазкур масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.
Чор, 11/06/2019 - 15:04
Ба муносибати ҷашни 25-солагии солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябри соли ҷорӣ Порлумони Тоҷикистон «Қонуни авф»-ро ба тасвиб расонида, ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он имзо гузошт.
Шан, 11/02/2019 - 20:57
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ
Pages
|