Main menu

Ғолибони ҷоми Раиси ноҳия муайн гардиданд.

                 Мувофиқи низомномаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Шаҳритуз   ҷиҳати  мусоидат ба мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз” аз санаи 6 то 17 август дар  майдонҷаи варзишии нав ба истифода додашудаи  боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳия     мусобиқи “Футболи хурд” баргузор гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)

Чорабинии варзишии наврасон аз руи намуди Карате- Киёкушинкай.

               Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баҳри дар амал татбиқ намудани  сиёсати  пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санаи 18 августи  соли равон  бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи варзишии тоза ба истифода додашудаи боғи фарҳангӣ фароғатии  ноҳияи Шаҳритуз   бо ибтикори  бахши кор бо ҷавонон ва мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди  Ҷоми раиси ноҳияи Ша

Миёна: 5 (2 votes)

“Оммавӣ гардонидани хониш миёни ҷавонон”

               Мардуми фарҳангсолори тоҷик аз қадим бо доштани китобхонаҳои бою ғанӣ машҳури олам буданд.  Таърих гувоҳ аст, ки  ҳамаи подшоҳони пешинаи мо  китобдори худро манзалат медоданд.  Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки  “барои ба хазинаи ганҷ расидан бояд аввал роҳи китобхонаро убур намоӣ”.    Дар ин росто Паёмбари барҳақи Ислом низ фармуданд, ки “Илм агар дар Сурайё бошад, онро мардуми Форс  пайдо менамоянд”.  Ин шараф, ин дастовард, ин ифтихор ҳеҷ гоҳ бе хондани китоб ва андӯхт

Миёна: 5 (1 овоз)

Тақвияти мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа

             Рӯзи 16 август тибқи Амри раиси вилояти Хатлон  гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бо мақсади тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард.

Миёна: 5 (1 овоз)

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»

          Рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангию фароғатии ноҳия  раиси ноҳия Р. Оймаҳмадзода баромад карда,  аҳли ҷомеа ва бахусус иштирокчиёни  мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи  хурдро самимона табрику таҳният гуфта,  барои ба даст овардани  «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»  ба ҳамаашон барору комёбӣ орзу кард.

Миёна: 3 (1 овоз)

«Чашма»- «Арал»- 3:0

          5 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳия  дар доираи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Лигаи дуюм оид ба футбол байни дастаҳои футболи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  қувваозмоӣ сурат гирифт. Бозӣ аз ибтидо то интиҳо  тезу тунд  ва шавқовар идома ёфта, дар ҷамъбаст соҳибони майдон  бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735180   ноҳияи  Шаҳритуз

кӯчаи И.Сомонӣ №51

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз